Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти ФИФА дар Тоҷикистон


Йозеф Блаттер - президенти ФИФА рӯзи ҷумъа бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидор ва мулоқот кард. Баъди ин мулоқот раҳбари Созмони байналмилалии футбол ба хабарнигорон дар бораи кӯмаки якмиллиондолларии ФИФА ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Вай гуфт: "Мо ба марҳилаи дуввуми кӯмаки худ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ мекунем. Ин барнома аз кӯмак барои бозсозӣ ва тармими варзишгоҳи марказии Душанбе иборат мебошад."
Сафари Йозеф Блаттер ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи дидораш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифтааст. Йозеф Блаттерро дар ин сафар Муҳаммад Бин Ҳаммом - раиси Конфедератсияи футболи Осиё ҳамроҳӣ мекунад.
Ҳадафи аслии сафари ҳайъати ФИФА таҳти раҳбарии Йозеф Блаттер ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ошноӣ бо вазъи кунунии футбол дар ин минтақа маҳсуб мешавад. Бегоҳи рӯзи ҷумъа Йозеф Блаттер ва ҳамроҳонаш дар расми ифтитоҳи дафтари нави кории Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки бо сармоягузории ФИФА бунёд шудааст, ширкат намуданд.
Нарзуллоҳи Латиф аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG