Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумакҳои Амрико 50 милён доллар шудааст


Бино ба хабари сафорати Амрико дар Душанбе, Ийолоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) аз аввали сол ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 50 милён доллар кӯмакҳои билоиваз расондааст.
Иловатан Вошингтон ба миқдори 2 300 000 доллар ба соҳоти низомии Тоҷикистон ёрӣ кардааст.
Бахши ағлаби кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон тавассути ЮСАИД, идораи рушди байналмилалии Амрико ироа мешавад. ЮСАИД тайи 11 соли фаъолияташ дар Тоҷикистон ба ин кишвар дар маҷмӯъ 110 милён доллар кумак овардааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG