Пайвандҳои дастрасӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар 8 моҳ 12 фоиз рушд кардааст


Маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 8 моҳи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11,7 дарсад рушд намуда, ба ҳудуди севуним миллиард сомонӣ, муодили 1 миллиарду 150 милён доллар баробар шудааст. Маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар 8 моҳи аввал назар ба соли гузашта ҳудуди 15 фоиз ва маҳсулоти кишоварзиаш 10 фоиз афзудааст.
Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин муддат 46 дарсад зиёд шуда, 1 473 000 000 ё чизе наздик ба якуним миллиард долларро ташкил додааст. Тоҷикистон дар 8 моҳи гузашта ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 594 милён доллар мол фурухта, аз хориҷ ба маблағи 879 милён доллар молу коло ворид кардааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG