Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Куфӣ Анон дар бораи қарзи Тоҷикистон аз СММ


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Куфӣ Анон дар номае ба раиси Маҷмаъи Кулли ин созмон навиштааст, 13 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистону Гурҷистон ва Молдова ҳаққулузвияти худро насупурдаанд.
Тибқи банди 19 ойиннонаи СММ кишварҳои қарздор метавонанд аз ҳаққи раъй додан дар Маҷмаъи Кулл маҳрум карда шаванд.
Бунгоҳи хабарии СММ қарзи Тоҷикистон аз Милали Муттаҳидро 1 252 000 доллар ҳисоб кардааст. Соли гузашта вакилони Маҷмаъи Кулл бо вуҷуди қарздории Тоҷикистону Молдова ва Гурҷистон ҳаққи овоздиҳии ин се кишварро то 30 июни соли ҷорӣ тамдид карда буданд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG