Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба эми зидди сурхча


Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNISEF) ва вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ба маъракаи оммавии эмкунии аҳолӣ бар зидди бемории сурхча омодагиҳои ахирро мебинанд. Зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе масъулини ин барнома гуфтанд, шурӯъ аз 27-уми сентябр тули 2 ҳафта наздик ба 3 миллион кӯдаку навраси тоҷик зидди бемории сурхча эм карда шавад.
Нилуфари Пурзан, ҳамоҳангсози барномаҳои "Юнисеф", дар Тоҷикистон мегӯяд, сурхча бемории вазнини сироятӣ мебошад, ки ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 700 000 кудакро мекушад. Ин беморӣ ба воситаи ҳаво ва луоби даҳон аз як шахс ба шахси дигар сироят мекунад ва сабаби ҳарорати баланду доғҳои сурх дар бадан мешавад. Ҳатто калонсолон ҳам ба ин беморӣ гирифтор мешаванд ва аз ин рӣ эм намудани ҳар як ҷавон ҳатмист.

Маъракаи оммавии эмкунӣ бар зидди бемори сурхча ду ҳафта баъд дар қаламрави Тоҷикистон оғоз мешавад. Дар ҷараёни он кӯдакону ҷавонони аз 1 то 18-сола ва дар вилояти Суғд то 29-сола ройгон эм карда мешаванд. Дар Тоҷикистон соли 2002 ва 2003 хуруҷи бемории сурхча ба назар расида буд. Дар вилояти Суғд бошад назар ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон калонсолон аз ҷумла ҷавонони то 29 сола гирифтори ин беморӣ шуда буданд.
Фирӯз Баротов аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG