Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болини ятимони Рашт дигар тар намешавад


Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон бо ироаи як кӯмаки хайрхоҳона болиғ бар 2000 доллари амрикоӣ мусоидат намудааст, ки боми бинои ятимхонаи шаҳраки Ғарм 200-километрии шарқи Душанбе қабл аз фарорасии зимистону мавсими борандагиҳо таъмиру тармим гардад.Мирзо Давлатов - сарпарасти ятимхонаи мазкур, ки 300 нафар бепарастор дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ятимхона ҳафт сол қабл ташкил ёфта буд, вале бинобар фарсудаву таъмирталаб гардидани боми сохтмон дар чанд соли охир фасли тирамоҳу зимистон оби барфу борон ба дохили он роҳ меёфт. Оқои Давлатов гуфт, ба туфайли кӯмаки кӯчак, вале зарурии сафорати Амрико дар Душанбе ҳамакнун рупӯши боми ятимхона нав ва дохилу сақфи он пурра бозсозӣ шудааст.

Ба гуфтаи оқои Давлатов, ин бори аввал нест, ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба кӯдакони бепарастори ятимхонаи шаҳраки Ғарм дасти кӯмак дароз менамояд. Номбурда афзуд, дар ду соли охир сафорати Амрико ба миқдори 10 ҳазор доллари амрикоӣ маводи сервитамини гизоӣ дар ихтиёри кӯдакони ин ятимхона қарор додааст.
Сарпарасти ятимхонаи шаҳраки Ғарм бо арзи миннатдорӣ афзуд, дар канори ин кормандони сафорат ва шахсан худи сафири Амрико дар Тоҷикистон бо эҳдои маблағи муайян аз ҳисоби маоши худ ба атфоли ятими ноҳияи Рашт кӯмак намудаанд.

Афзун бар ин оқои Давлатов афзуд, сафорати Амрико дар Тоҷикистон ахиран ба дархости раҳбарияти ятимхонаи шаҳраки Ғарм барои харидории як автомобили хидматӣ посухи мусбат додааст. Ятимхонаи маркази шаҳраки Ғарм ягона ятимхонаи ғайридавлатӣ дар водии Рашт аст, ки дар се ноҳияи ин водӣ бахшҳои маҳаллии худро боз намудааст ва дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 350 нафар ятимон дар онҳо сарпаноҳ ёфтаанд. Ба дунболи ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Рашт атфоли зиёде дар ин минтақа бепарастор мондаанд. Маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ як ташаккули ғайридавлатии минтақа бо анҷоми як таҳқиқ ахиран шумори ин атфолро дар саросари водии Рашт наздик ба 8 ҳазор эълом намудааст.
Холиқи Сангин аз ноҳияи Рашт
XS
SM
MD
LG