Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаводиси изтиробангез дар саҳнаи собиқи набардҳои хунин


Холиқи Сангин аз ноҳияи Тоҷикобод

Ҳуриниссо Ғаффорова - сарвари Маркази ҷомеаи шаҳрвандии водии Рашт мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи шарқи Тоҷикистон бояд як гурӯҳи муштарак аз ҳисоби намояндагони мардумӣ ва собиқ қумандонҳои мухолифини пешин таъсис ва ин гурӯҳ ҷиҳати арзёбии воқеъии вазъ дар қадами аввал аз водии Рашт дидан намояд. Хонум Ғаффорова ҳаводиси изтиробангези ахири ноҳияи Тоҷикообод ва минтақаи Ҳойитро ба пешбурди сиёсати нодурусти кадрӣ дар ин минтақа марбут медонад. Дар ҳоли ҳозир меафзояд вай, мақомоти маҳаллӣ бояд аз нуфузи афроди соҳибэҳтироми минтақа дуруст кор бигиранд ва дар ҳамоҳангӣ ба он бикӯшанд, ки қабл аз ҳар чизи дигар қонуни қабулшудаи авфи умумӣ ҷиддан риоят шавад.

Ва аммо кадом авомил боиси сурат гирифтани ҳамла болои идороти милисаву додситонии ноҳияи Тоҷикообод ва ба дунболи он бурузи изтиробу нигаронӣ дар минтақаи шарқи ин кишвар гардидааст. Сарвари Маркази ҷомеаи шаҳрвандии водии Рашт даст доштани Ёрибек Иброҳимов ва афроди вобаста ба ӯро дар ин қазия ба дур аз эҳтимол медонад, зеро ба назари ӯ Ёрибек Иброҳимов дар мухолифат бо ҳукумат қарор надошт. Вале ба эътиқоди Абдулло Вазиров сарҷарроҳи беморхонаи марказии ноҳияи Рашт беиттилоъӣ мақомоти болоии ҳукумати Тоҷикистон аз асли воқеъии вазъ ва бо ҳар баҳона фишор овардан болои собиқ размандагони мухолифини пешини тоҷик эҳтимоли эҷоди ташаннуҷи бештарро дар манотиқи шарқи Тоҷикистон афзоиш бахшидааст.

Аммо Хайриддин Давлатбеков - раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гуна фишору зӯроварӣ дар баробари размандагони собиқ мухолифин дар ин ноҳия ба мушоҳида намерасад. Оқои Давлатбеков дар ин робита эҳзору пурсиши собиқ муҷоҳиддинро бар асоси муроҷиату додхоҳии шахсони алоҳида, ки дар замони муқовиматҳои мусаллаҳона аз сӯи ин афрод зарарҳои моддиву маънавӣ дидаанд, аз эҳтимол дур намедонад. Оқои Давлатбеков дар ин замина мавриди пурсиш қарор гирифтани он афродеро, ки мӯҷиби чунин амал гаштаанд, як кори муқаррарии мақомоти марбутаи давлати арзёбӣ намуд ва афзуд, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон инро эъмоли фишор болои афроди ҷудогона номид.

Аммо Зарина, як нафар сокини ноҳияи Тоҷикообод гуфт, маҳз ба далели корбурди таъқибу фишор тавассути мақомоти интизомиву амниятии ин ноҳия чор моҳ боз як бародари ӯ бо номи Маҳмадкарим фирорӣ шудааст ва аҳли хонавода дар куҷо будани ӯро намедонанд. Масъалаи таъқибу фишори собиқ размандагони мухолифин дар водии Рашт дар ҳоле матраҳ мегардад, ки вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бо эъзоми чанд гурӯҳи вижа ду ҳафта боз ба хотири боздошти Аҳмадбек Холматов - собиқ қумандони минтақаи Ҳойит ва ҳамроҳони ӯ дар манотиқи мушкилгузари кӯҳии водӣ амалиёти густурдаеро идома медиҳад. Аммо гуфта мешавад, ин гурӯҳҳо то кунун касеро аз афроди гумонбар дар кӯҳу пуштаҳо дастгир накардаанд.
XS
SM
MD
LG