Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳ боз шуд, ҳосил ҳеҷ, даромадҳои рӯйпӯшшуда, фиребгарони хӯҷаинони газ


Бисту шашуми май роҳи мошингарди Тоҷикистону Чин тавассути ағбаи Қулма бо баргузории як маросими мутантан боз шуда буд. Он вақт, ҳама ин корро ҳодисаи таърихӣ унвон карданд. Бархе хурсанд буданд, ки Тоҷикистон соҳиби як роҳи алтернативӣ ва баромад ба уқёнус гардид. Иддаи дигар нигарон буданд, ки акнун чиноиҳо соҳибкорони тоҷикро аз бозорҳои маҳаллӣ танг карда мебароранд.
Вале бо даргузашти сею ним моҳ ҳанӯз на ин кор шуду на он. Ҳафтаномаи «Азия - Плюс» пайи тадқиқи сабаби ин хабарнигори худро ба Хоруғ фиристодааст. Навишта шудааст, айни ҳол аз Чин ба Тоҷикистон танҳо панҷ автобус омадааст. Тавассути ин роҳ тӯли ин муддат танҳо се тоҷири тоҷик ба Чин сафар кардааст. Мушкилоти марбут ба раводид ва ҳамчунин адами мавҷуди хидматрасонии лозима ба чиноиҳо дар Хоруғ аз иллатҳои аслии аз ин роҳ истифода набурдани тоҷирон унвон шудааст.

Ва аммо ҳамкориҳои тиҷоратию саноатии Тоҷикистону Эрон тайи чанд соли охир мунтазам рушд менамояд, гуфтааст Носир Сармади Порсо - сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як сӯҳбат бо ҳафтавори «Тоҷикистон». Дар ҳамин ҳол, як ширкати австриягӣ дар ноҳияи Конибодом як корхонаи пахтатозакунӣ бунёд кардааст. Ҳокии ин хабар, нашрияи «Азия - Плюс» навиштааст, ин корхона дар масоҳати 9 гектар бунёд шуда қодир аст, дар як сол беш аз даҳ ҳазор тонна пахтаро тоза намояд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлабе бо номи «Даромадҳои рӯйпӯшшуда» аз набудани дастгоҳҳои назорати хазинавӣ дар дӯкону мағозаҳо шикоят кардааст. Муаллиф навиштааст, то ҳол на дар ҳама нуқтаҳои савдо ин гуна дастгоҳҳо гузошта шудааст. Соҳибкорон манфиатдор нестанд, даромади софи худро пурра нишон дода, аз он андоз супоранд, омадааст дар мақола. Тибқи маълумоти ҳафтанома, танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Душанбе кормандони мақомоти андоз 97 соҳибкорро бо ҷурми надоштани дастгоҳи назорати хазинавӣ ба маблағи ҳудуди сею ним ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.

«Нерӯи Сухан» аз ба истилоҳи худаш «Фиребгарии хӯҷаинони газ» навиштааст. Дар матлабе омадааст, масъулини соҳа аз он манфиатдоранд, ки дар хонаҳо ҳисобкунакҳои газӣ насб нашавад. Зеро бидуни ҳисобкунак сари ҳар нафаре 4 сомонӣ ҳар моҳ газпулӣ ситонида мешавад. Ҳисобкунаки газӣ бошад, дар як моҳ то се-чор сомонӣ пул кор мекардаасту халос.
XS
SM
MD
LG