Пайвандҳои дастрасӣ

Оҳангҳои моломоли ғаму андӯҳи ҳунармандони бозору паскӯчаҳои Кулоб


Ҷалолиддини Фарҳодӣ аз шаҳри Кулоб Садои гӯшнавози ғижжаку дафу доира, ки дар бозорҳои Кулоб садо медиҳанд, мусиқӣ барои қарси тамошобин нест, балки танҳо барои қурси нон аст.

Барои зумрае аз ҳунармандони дар собиқ хеле маъруф танҳо бозору кӯчаҳо нукоти рӯзгузаронӣ мондаанд ва ғижжаку тору дутор ба каҷкӯли гадоӣ табдил ёфтааст. Сафари Карим - ғижжакнавоз роҷеъ ба ин мавзӯъ мегӯяд: "Одамоне ҳастанд, ки дар вақти бӯстонҳо, озмунҳо, андалебҳо фарёд мекунанд, истифодаашон мебаранду вақте ки кор тамом шуд, дигар ҳеҷ кас суроғашон намекунад. Онҳо зиндагонии вазнин доранд. Ҳатто нафаронеро ман дар сари бозорҳои Кӯлоб мебинам, ки шишта, ҳофизӣ доранду одамон пешашон пул мепартоянд. Онҳо гадо шудаанд. Ман дидам, ашк гулӯгирам кард. Як нафараш бархоста гуфт, ки акаи Карим дигар чӣ кор кунем? Маҷбур шудаем.»

Ҷӯрахон Мирзохонов, сарояндаи сурудҳои қирғизиву туркманӣ ва узбакиву тоҷикист. Ӯ мегӯяд, талаби замон ҳамин буд, ки бояд бо забонҳои халқҳои бародар суруд мехондӣ. Дар ноҳияи Восеъ хубтар аз Ҷӯрахон касе сурудро бо 4 забон намесароид. Вай дар даврони шӯравӣ ба истилоҳ гули сари сабади ҳунармандон буд. Дар озмунҳои "Бӯстон" ширкат меварзид, ва ба иттилоъи Сафари Карим аз 10 хол - баҳои баландтарин камтар намегирифт. Имрӯз Ҷӯрахон Мирзохонов мариз аст, ӯро ба консертхо даъват намекунанд. Ҷӯрахон мегӯяд, ки қариб як сол беш шудааст, ки бидуни чой ва нон дигар ғизо истеъмол накардааст: «Як ҷо, ки кор накунӣ, касал шудиву маззат гурехт, яқин бидон, ки дигар ҳеҷ кас суроғат намекунад. Як ҷо кор кунӣ, тан сиҳат бошад, боз як кас, ним кас суроғ мекунад. Ҳамин хел будай - да зиндагӣ»

Мусоҳиби дигари ман, Абдуғаффор Каримов, ҳунарманди маъруф аст. Абдуғаффор дар 20 филм нақш бозидааст. Солҳои шӯравӣ аз ҳисоби пули ҳамин филмҳо зиндагонии серу пуре доштааст. То соли 1992 дар саҳнаи театру кино беш 50 нақш офаридааст. Бар ивази заҳмати 40 сола ӯ 5 сомонӣ маоши бознишастагӣ мегирад ва ба гуфтаи худаш ба як пора нон ниёз дорад: «Нафақаи ман дуввуним сомонӣ буд, баланд бардошта, 5 сомонӣ карданд. Бо ин пул чӣ рӯзе мегузаронӣ? Як кило гӯшт дар бозор 7 сомонӣ. Бираву дарёб сарриштаи зиндагониро.»
Ҳунармандоне, ки имрӯз ҷавонтаранд ва кор мекунанд, низ маоши кӯчак мегиранд. Карим Сафаров: «Маоши ҳунарманд 13-15 сомонӣ аст. Бо ин пул зиндагонӣ карда мешавад? Намешавад!»

Ва аммо ин солхӯрдагон сарсупурдагони санъатанд. Аз онҳо суол кардам, ки оё аз роҳи пешгирифтаи худ розианд? Абдуғаффор Каримов мегӯяд: «Ман аз оне, ки худро ба санъат бахшидаам, розиам, аммо аз зиндагонӣ розӣ нестам. Зиндагони ин нест, ки ишками гурусна, тани бараҳна бошӣ. Барои он ки серу пур бошӣ, зиндагони нағз бошад, кор ҳам хуш мегузарад. Ман зиндагии нағз доштам, дар филмҳо бозӣ мекардам. Ҳоло аз соли 1993 то ин ҷониб дар ягон филм бозӣ накардаам, зеро шароитҳо дигар шуданд.»

Ҷӯрахон Мирзохонов сахт мариз аст. Барои ҷарроҳии ӯ 400 сомонӣ, баробар ба 130 доллари амрикоӣ лозим аст. У пул надорад. Ба қавли худаш ба марг омодагӣ мегирад. Аммо мехоҳад, ки тобути ӯро то қабристон зери танини ғижжаку тор бубаранд: «Розиам аз зиндагонӣ, зеро санъати дар дили ман буда, тӯҳфаи модарзодист! Хоҳӣ-нахоҳӣ мемурам. Ман як орзу дорам, ки агар бимирам, маро зери мусиқӣ ба хок диҳанд. Ҳамингуна марг ба ман маъқул аст.»
Ҳаёти сангини ҳунармандон, ки иҷборан кӯи гадоӣ ва сари бозорҳоро баргузидаанд, дар оҳанги эшон садо медиҳанд. Ҳар оҳанге, ки аз бозорҳои Кулоб бармехезад ҳазин, моломоли ғаму андӯҳ, саршор аз ғусса ва тиҳӣ аз тараб аст.
XS
SM
MD
LG