Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист хона ба зери замин фурӯ рафт


Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, воқеъ дар 70 километрии шаҳри Душанбе бар асари фурӯ рафтани замин ҳашт манзили маскунӣ зери хок шудааст. Амиқии маҳалли фурӯрафта ба гуфтаи коршиносони вазорати ҳолатҳои фавқуллода 30 метр аст. Дар ин деҳа, ки 30 манзил аст, феълан танҳо 10 хона побарҷой аст, аммо хатари фурӯ рафтани онҳо низ вуҷуд дорад. Барот Юсуфӣ - хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Хатлон, ки аз маҳалли ҳодиса дидан кард, мегӯяд, қисмате аз сокинони бесарпаноҳ мондаро дар хаймаҳо ҷойгир кардаанд ва ба қисмати дигаре аз онҳо дар як бинои дигар мувақаттан сарпаноҳ додаанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар он маҳал тақрибан 15 гектар замин фурӯ рафтааст ва иллати онро намнокӣ ва наҳри болои деҳа медонанд. Маъмурони имдодии Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон нахустин шуда ба минтақаи офат рафтаанд ва ба осебдидагон кумакҳои аввалинро мерасонанд. Офати табиӣ ҳамчунин сабаби хароб шудани лулаи бузурги газ шудааст, ки таввасути он сузишворӣ ба Корхонаҳои нуриҳои минералии "Тоҷиказот", шаҳри Қӯрғонтеппа ва шаҳри Калининобод интиқол меёбад.

Дар ҷойи ҳодиса хабарнигори Радиои Озодӣ бо сардори ситоди вазорати ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳияи Хуросон Қурбоналӣ Тағоев сӯҳбат кард. Вай ба хабарнигори мо гуфт, тамоми сокинони 25 деҳаи маҳалли офат ба минтақаҳои амн кӯчонида мешаванд, зеро дигар имкони зистан дар ин маҳал вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG