Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ва ягона...


Ҳайъати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои 12 - уми параолимпӣ, ё худ Олимпиадаи маъюбон, ки 17-уми сентябр дар Афина оғоз меёбад, рӯзи чоршанбе озими Юнон шуд. Раҳбари ҳайъат Сафар Боев - раиси Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони ин кишвар бори нахуст дар чунин бозиҳо ширкат хоҳанд кард.


Вай афзуд: «Ҳайъати мо аз панҷ нафар иборат аст. Мо дар он ҷо, ҳамчунин, дар кори ассамблеяи генералии Кумитаи байналмилалии параолимпӣ иштирок хоҳем кард. Варзишгари мо Парвиз Одинаеви 22 - сола, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Душанбе мебошад. Вай соли 2002-юм дар бозиҳои 14-уми осиёӣ дар Кореяи Ҷанубӣ дар вазнбардорӣ бо натиҷаи 120 килограмм мақоми чаҳорумро ишғол карда буд ва дар Бозиҳои параолимпӣ низ дар ҳамин вазн рақобат хоҳад кард. Мо умедворем, ки ӯ ба натиҷаи хуб ноил мешавад.»


Ба гуфтаи Сафар Боев, дар Афина ҳамчунин мулоқоти ҳайъати варзишии Тоҷикистон бо намояндагони якчанд кишвари дунё дар назар аст: «Дар он ҷо боз бо намояндагони Хитой, Эрон, Малайзия ва президенти Кумитаи байналмилалии параолимпӣ мулоқот дорем ва мехоҳем, дар оянда бо кӯмаки кишварҳое, ки бо мо ҳамкорӣ карданианд, масоили мухталифи Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистонро ҳал намоем.»
Бозиҳои 12-уми параолимпӣ дар Афина аз 17- ум то 29-уми сентябр бо ширкати беш аз 2 ҳазор варзишгари маъюби 140 мамолики дунё доир хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG