Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳосили нишасти созмони ЕСО


Дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои узви ЕСО дар Душанбе як силсила мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ҳайъатҳо сурат гирифта ва ҳамчунин санадҳои ҳамкорӣ низ ба имзо расидааст. Минҷумла миёни Тоҷикистон ва Афғонистон як созишномаи тиҷоратӣ ба имзо расидааст. Ин созишнома, ки ба он вазири иқтисоди Тоҷикистон Ҳаким Солиев ва Мустафо Козимӣ - вазири тиҷорати Афғонистон имзо гузоштаанд, ба рушд ва мусоидати фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар нигаронида шуда ва барномарезии ду кишвар дар ин заминаҳо тайи панҷ соли ояндаро пешбинӣ мекунад.
Рӯзи сешанбе ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳомиди Карзай - раиси Давлати Интиқолии Исломии Афғонистон ва Шавкат Азиз - сарвазири Покистон доир шуд. Дар ин мулоқот умдатарин мавзӯъҳои мавриди алоқаи се ҷониб, аз ҷумла бунёди роҳҳои иртиботӣ, масъалаи рафъи мавонеъи густариши ҳамкориҳо ва интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон ва инчунин имкони саҳмгирии Покистон дар бунёди нирӯгоҳҳои Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин маврид мегуяд: "Покистон ба нерӯи барқ ниёз дорад ва аз ин лиҳоз манфиатдор аст, ки дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки як нерӯгоҳи пуриқтидор хоҳад буд, сармоягузорӣ кунад. Покистон вамчунин ба ворид шудан ба бозори Осиёи Миёна тавассути долони Вахон манфиат дорад. Роҳе, ки қарор аст миёни Тоҷикистон ва Покистон сохта шавад, ҳамагӣ 14 километр тӯл дорад. Ва аз тариқи қаламрави Афғонистон убур мекунад. Ин наздиктарин роҳ аст, барои баромадани Покистон ба Осиёи Миёна. Дар моҳи октябр қарор аст, коршиносони ду ҷониб ба баррасии ин лоиҳа оғоз кунанд."
Дар эъломияи Душанбе, ки аз ҷониби сарони кишварҳо ва ҳайъатҳои ширкаткунанда дар иҷлоси ЕСО пахш шудааст, хусусан ба бунёди роҳҳо ва шабакаҳои иртиботӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир шудааст. Бунёди роҳҳо ба назари ширкаткунандагони иҷлоси ЕСО шарти муҳими густариши муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳои узв мебошад. Аз ҷумла дар ҳошияи иҷлоси ЕСО як созишнома миёни Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи тавсиаи кӯмаки Эрон барои анҷоми сохтмони тунели Анзоб ба имзо расид. Тибқи ин санад, Эрон ӯҳдадор шудааст, ки боз 5 миллион доллари изофа дар ихтиёри Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми сохтмони тунели Анзоб қарор диҳад. Эрон то кунун барои ин ин лоиҳа 25 миллион доллар ба сурати қарзи имтиёзнок ва 10 миллион доллар ҳам ба сурати кӯмак дар ихтиёри Тоҷикистон қарор додааст ва ин тунел низ тавассути як ширкати эронӣ бунёд мешавад.
Эмомалӣ Раҳмонов бунёди тунели Анзобро низ барои Тоҷикистон ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, қарор аст дар замони таъйин шуда, сохтмони тунел ба анҷом бирасад: "Бо Эрон як созишномаи дигар дар заминаи бунёди тунели Анзоб, ки барои Тоҷикистон ва минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, имзо шуда ва амалӣ мешавад. Мо бо ҷаноби Хотамӣ аз ин иншоот дидан кардем ва масъулони он ба мо итминон доданд, ки то поёни соли оянда сохтмони ин тунел, ки шимолу ҷануби Тоҷикистонро васл хоҳад кард, ба анҷом хоҳад расид."
Дар ҳамин ҳол коршиносони тоҷик мегӯянд, агарчанд барномаи бунёди роҳҳо ва иншоотҳои муҳим як амри хайр аст, аммо аз як ҷониб созмони ЕСО на ҳамеша тавони молӣ ва имкони татбиқи ин барномаҳоро доштааст. Аз ҷониби дигар аксари барномаҳои ин созмон то кунун амалӣ нашудааст.
Аммо Шокирҷон Ҳакимов коршиноси тоҷик ба бунёди роҳҳои иртиботии нав бо хориҷ аз Тоҷикистон бо хушбинӣ менигарад: "Акнун ба Тоҷикистон зарурат пеш омадааст, ки қонунҳои гумрук, андоз ва дигар қонунҳоеро, ки тиҷорати хориҷиро танзим мекунанд, ислоҳ намояд, то ин ки сармоя ҷалб шавад. Ва ҷиҳати дигари мусбати масъала дар он аст, то имрӯз дар робита ба мушкилиҳое, ки мо бо Ӯзбакистон доштем ва вобаста ба фаъолияти геополитикӣ ва геостратегӣ Тоҷикистон дар як вазъияти фавқуллода қарор дошт ва маҳдудиятҳо низ эҷод мешуд ва ин низ як андоза аз миён бардошта мешавад."
Аммо мегӯяд доктор Ҳакимов, ширкат накардани сарони бархе кишварҳо дар иҷлос имкони баррасии ҳамаҷониба ва ҳалли комили масоилро аз миён бурдааст: "Боиси нигаронии мо он аст, ки дар сатҳи нафарони аввал аксарияти давлатҳо наомаданд, фақат Афғонистон ва Эрону Тоҷикистон дар сатҳи аввал ширкат варзиданд, ин албатта барои моҳиятан баррасӣ кардани масъалаҳои муҳим мусоидат намекунад ва агар минбаъд чунин як муносибат бошад, албатта эътибори ин созмон низ коста мегардад."
Аммо ба назари коршинсон иҷлоси сарони ЕСО чӣ натоиҷе хоҳад дошт, гузашти замон бештар маълум хоҳад кард. Аммо барои Тоҷикистон шояд натиҷаи амалии он бар изофаи мулоқотҳое, ки заминаро барои ҳамкориҳои оянда фароҳам кардааст, дар ҳошияи иҷлос ба имзо расидани санади дарёфти панҷ миллион доллари изофӣ барои сохтмони тунели Анзоб буд.
XS
SM
MD
LG