Пайвандҳои дастрасӣ

"Бомдод" дар ниҳоят расид


Ахиран «Бомдод», нахустрӯзномаи мустақили Хатлонро чопхонаи «Каримҷон Қодирӣ»-и шаҳри Душанбе ба нашр расонидааст. Толибшо Саидов, муассиси ин ӯузнома мегӯяд, қарор буд нашрияро рӯзи якуми август ба чоп расонанд, аммо ба иллати пайдо накардани чопхона нашри он дар вақти таъйиншуда муяссар нашуд.
Ба эътиқоди ӯ, чопи рӯзнома дар нашриёти шаҳри Қӯрғонтеппаро низ имкон дошт, вале бо ҷурми паст будани сифати чоп аз нашри «Бомдод» дар ин матбаа худдорӣ кардаанд.
Оқои Саидов ҳамчунин афзуд, шумораи нахустини рӯзномаи «Бомдод»-ро бо теъдоди 1000 нусха ба чоп расонидаанд ва аксари кулли ин теъдод дар вилояти Хатлон ба фурӯш бароварда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин рӯзнома минбари озод барои ҳамаи мардуми Хатлон, аз ҷумла аҳзоби сиёсӣ аст. Оқои Саидов гуфт, фаъол гаштани чунин як рӯзномаи мустақил ба рушди озодандешӣ, хусусан замони омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъ дар Хатлон мусоидат мекунад.
Рӯзномаи «Бомдод» дар шумораи аввалин худ аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва ҳамзамон мушкилоти марбут ба ин мавзӯот матолиб нашр кардааст. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзномаи мустақили чопи Душанбе бо иллати пайдо накардани матбаа то ҳанӯз нашр намешаванд.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG