Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси тиҷорат: "Ширкатҳои рекламасоз"


Ҳамин ду ҷумлаи кӯтоҳ ба мисли корти муаррифии ширкатҳои рекламасоз дар Тоҷикистон гаштааст. Аскар Шарифов - мудири Маркази иттилоот ва дастгирии соҳибкорони назди вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин кишвар теъдоди ширкатҳои рекламасоз сол аз сол дар афзоиш аст, зеро...: «Ин намуди соҳибкорӣ даромади хуб медиҳад ва ҳам масрафоти зиёдро талаб намекунад. Ба тезӣ хароҷоташро мебарорад ва ҳам ба соҳибкор манфиати хуб меорад. Теъдоди корхонаву ширкатҳое, ки мехоҳанд маҳсулот ва ё намуди хидматрасонии худро таблиғ намоянд, торафт зиёд мешавад ва ин ҳам як сабаби афзоиши ниёз ба хидмати ширкатҳои рекламасоз гаштааст.»
Нигора Усмонова - менеҷери ширкати рекламасози «Тайрон» мегӯяд, намуди маъмултарини таблиғ дар Тоҷикистон реклама дар радиову телевизион мебошад. Талабот ба реклама дар нашрияҳо низ кам нест, аммо реклама дар постерҳои кӯча гаронтар аст ва на ҳама ба худ онро раво дида метавонанд. Барои боз намудани ширкати рекламасоз бошад, мегӯяд Нигора Усмонова, дар аввал соҳиби ҳадди аққал ягон нашрия будан лозим аст ва ё ин ки бо ягон воситаи ахбори омма қарордод бастан даркор аст.
Нигора Усмонова гуфт, пас аз боз намудани ширкат агентҳои босавод ва хушмуомиларо бояд ба кор ҷалб намуд. Одатан, чунин кормандонро аз ҳисоби ҷавонон мегиранд. Ва аммо дар мавриди арзиши таҳияи навори реклама ва пахшу нашри он. Аз бону Усмонова нарху навои реклама дар расонаҳои гурӯҳиро пурсидам: Ӯ гуфт:
«Арзиши таҳияи навори телевизионӣ ва ё радиоии реклама вобаста ба мураккабии он аст. Мисол, як навори оддитарини даҳсониягии иттилоотӣ барои телевизион ва ё радио ҳадди ақал 25 доллар нарх дорад. Ва аммо дар радиову телевизион аз 7 то 12 сомонӣ барои ҳар як пахш пардохт намудан лозим аст. Арзонтарин реклама дар нашрия 25 сомонӣ арзиш дорад.»
Ҳамакнун масрафоти ширкат аз маоши кормандон, андоз ва пардохти як миқдори даромад ба расонаи ахбор иборат будааст. Боқӣ маблағ даромади софи ширкат мегардад.
Гуфта мешавад, бо назардошти афзоиши теъдоди соҳибкорон ва боло рафтани рақобати бозорӣ барои ҷалби муштарӣ, ниёз ба хидмати ширкатҳои хуби таҳиягари рекламаи сифатнок низ зиёд мешавад. Ва акнун реклама яке аз василаҳои аслии фурӯши зудтари маҳсулот ва ҷалби мизоҷ гаштааст. Вале адами студияҳои сабт ва таҳияи реклама ва камии шумори телевизиону радио, ки ҳамчунин боиси гаронии нархи реклама мебошад, аз монеъаҳои аслии рушди ин намуди соҳибкорӣ унвон шудааст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG