Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиди Карзай вориди шаҳри Душанбе шуд


Ҳомиди Карзай - раиси давлати интиқолии исломии Афғонистон ба манзури ширкат дар иҷлоси ҳаштуми сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узви созмони ҳамкориҳои иқтисоди ЕКО баъд аз зӯҳри рӯзи душанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Дар фурудгоҳи Душанбе аз Ҳомиди Карзай, ки дар ҳалқаи муҳофизони амрикоии худ аз ҳавопаймо пойин шуд, Сайидамир Зуҳуров - муовини сарвазири Тоҷикистон истиқбол намуд.
Агарчанд ходимони амният ва ташрифот аз мулоқоти оқои Карзай бо хабарнигорон ҷилавгирӣ мекарданд, аммо бо ин вуҷуд ӯ тавонист, бо як ҷумлаи кӯтоҳ ба суоли хабарнигорон посух диҳад. Вай гуфт: "Иншоолоҳ маҷолиси мо марбут ба конфронси ЕСО бисёр хуб ва нек ба нафъи ҳама мебошад."
Ҳомиди Карзай ҳамчунин авзои феълии аминиятии Афғонистон дар остонаи баргузории интихоботро ором тавсиф кард. Ҳомиди Карзай шоми душанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот ва фардо дар иҷлоси Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии ЕКО ширкат хоҳад кард. Кӯмак дар амри бозсозии Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҷустӯҷуи роҳҳои боло бурдани сатҳи иқтисодии кишварҳои узв аз муҳимтарин мавзӯъҳои мавриди баррасӣ дар ин иҷлос хоҳад буд.
Дар ин иҷлос чор кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистонро руасои ҷумҳурии ин кишварҳо ва шаш кишвари дигари узвро нахуствазирон ва руасои маҷлиси он кишварҳо намояндагӣ хоҳанд кард.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG