Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ мелангад?


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе Густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва ё ЕСО яке аз самтҳои муҳим ва пураҳамияти сиёсати хориҷаи давлати Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Масъулини идораи сиёсати хориҷаи Точикистон мегӯянд, ба ин далел ки Тоҷикистон бо қисмати аъзами кишварҳои узви ин созмон сарҳадоти муштарак ва равобити боэътимоду ҳасана дорад, тақвият ва таҳкими равобит дар замина ва чаҳорчӯби барномаҳои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ECO миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узв аз авлавиятҳои сиёсати берунаи кишвар ба шумор меравад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти масъул дар бахши сиёсати иқтисодии Тоҷикистон низ аз афзоиш ва ривоҷи алоқаҳои иқтисодӣ ва табодули мол миёни кишварҳои узви EСО сухан мекунанд. Вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳаҷми гардиши мол дар Тоҷикистон аз ҳисоби давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ чиҳил дар сад рушд карда ва ба 633 миллион доллар расидааст.
Ғафур Расулов - сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар нимсоли аввали соли равон табодули мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви ЕСО 38 дар сад афзоиш пайдо кардааст, ки баробар ба чаҳорсаду ҳабдаҳ миллион доллар мебошад.
Оқои Расулов бо ишора ба ҳузур ва ширкати сармояи бархе аз кишварҳои узви ЕСО ба мисли Эрон ва Покистон дар рушди иқтисоду саноати кишвар гуфт, чанде аз барномаҳои ҳукуматӣ ба маҳзи пуштибонии ҳамин давлатҳо аз тарафи созмонҳои молиявии байналмилалӣ, минҷумла Бонки исломии рушд сармоягузорӣ шудааст: "Бисёр лоиҳаҳое ҳастанд, ки дар доираи ЕСО сурат мегиранд. Лоиҳаҳо бахшида ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодии мамлакат, масалан вобаста ба энергетика, ба нақлиёт, роҳсозӣ, сохтмон, саноат. Бисёр лоиҳаҳо мо пешниҳод мекунем, мувофиқи ҳамон бисёр кишварҳои аъзои ҳамин созмон ва худи ҳамин Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ мусоидат мекунанд, барои пешбурди ҳамин корҳо."
Масъулини ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон мӯътақиданд, ки инкишофи муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои узви ЕСО ҷиҳати рушди иқтисоди кишвар ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. Ба гуфтаи ҳамин мақомот, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Точикистон, ки имконияти истифода аз роҳҳои арзони дарёиро надорад, узвият дар Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ мушкилоти содирот ва воридоти амволу колоро ба таври қобили мулоҳиза сабук хоҳад кард.
Аммо назари коршиносон ва таҳлилгарон роҷеъ ба нуфуз ва ҳузури Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва нақши он дар пешбурди иқтисоди Тоҷикистон бо мақомоти расмӣ тафовут дорад. Ба назари иқтисодшинос Давлати Усмон - собиқ вазири иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ мушобеҳ ба Иттиҳоди кишварҳои муштаркулманофеъ аст, ки натавонистааст, тайи чанд соли фаъолияташ нақши муассире дар иқтисоди ҳамдигар дошта бошад: "Бештар ин кишварҳо кӯшидаанд то муносибаташонро бо кишвархои мусалмоннишини шӯравии собиқ дар қолаби дуҷониба ривоҷу равнақ бидиҳанд."
Оқои Усмон мегӯяд, кишварҳои узви созмони мазкур миёни ҳам умдатан ба содирот ва воридоти амволи камарзиш машғул ҳастанд. Ба андешаи вай, истифода аз захоири саршори табиии қаламарави кишварҳои ин созмон, таҳияи барномаҳои дар сатҳи минтақавӣ иқтисод ва саноеи ин кишварҳоро рушд хоҳад дод, вале меафзояд оқои Усмон, аксари ин кишварҳо дар тасмимгириҳо бештар аз хориҷ идора мешаванд.
Аммо бо ин вуҷуд Давлати Усмон узвияти Тоҷикистонро дар Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кард: "Яке аз роҳҳои тронзитие, ки барои Тоҷикистон хеле аҳамият дорад ва дар оянда ҳам шояд яке аз роҳҳои тронзитӣ шавад, ин роҳи тронзитии Афғонистон Покистон ба уқёнуси Ҳинд аст ва дигаре роҳи тронзитии Афғонистон Ирон ба Халиҷи Форс аст, ба воситаи Афғонистон албатта ба воситаи шоҳроҳҳои автомобилгард."
Тибқи итиллоъи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои роҳбарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ки рӯзи 14 сентябр дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, дар баробари дигар масоил масъалаҳои таъйини минтақаҳои озоди тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои созмон, соддасозии муқаррароти гумрукӣ, мухобирот ва истифода аз захоири энержӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Қаламрави созмони ЕСО бо даҳ кишвари узв Эрону Покистону Туркия, Озарбойчон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизситон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Афғонистон 7 миллион метри мураббаъи заминро бо 350 миллион нуфус фаро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG