Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи нав барои истихроҷи "тиллои сиёҳ"


Вазорати энергетикаи Тоҷикистон бо таҳияи як барнома ҷиҳати тавсиаи иктишоф ва истихроҷи нафту газ мехоҳад, ҳаҷми истеҳсоли нафтро дар кишвар 25 дар сад афзоиш диҳад. Қурбон Бобоҷонов - раиси департаменти вазорати энергетикаи Тоҷикистон дар умури истихроҷи газ, нафт ва ангишт ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи мазкур дар садади пешниҳод ба ҳукумат қарор дорад ва дар сурати тасдиқ роҳандозии он шурӯъ хоҳад шуд.
Оқои Бобоҷонов меафзояд: "Барномаи мазкур аз соли 2005 то соли 2010 дар бар мегирад. Дар ҳоли ҳозир истихроҷи солонаи нафт 20 ҳазор тоннаро дар бар мегирад ва мо бар асоси барномаи нав онро 25 дар сад афзоиш медиҳем."
Ва 97 дар сади маводи сухт аз ҷумла бензину сӯхти дизелӣ дар Тоҷикистон аз хориҷи кишвар оварда мешавад. Ниҳодҳои соҳаи истихроҷи нафт дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, дар соли оянда ҳаҷми истеҳсоли нафтро ба 26 ҳазор тонна расонанд.
Қурбон Бобоҷонов мегӯяд, ба хотири ин дар назар аст, кон ва захираҳои нави нафт истихроҷ карда шаванд. Феълан Тоҷикистон ҳамагӣ дорои се корхонаи полоиши нафт мебошад. Яке аз ин корхонаҳо дар ноҳияи Конибодом шимоли кишвар ва дигарӣ дар минтақаи Балҷувони Кӯлоб ҷануби Тоҷикистон воқеъ мебошад. Ва дар авоили соли равон як корхонаи дигари полоиши нафт дар ноҳияи Қумсангир вилояти Хатлон ба истифода дода шудааст.
Мутахассисони вазорати энергетикаи Тоҷикистон мегӯянд, соҳаи нафту газ дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон тақрибан рушд надорад, зеро барои баҳрабардорӣ аз конҳои нав техникаи қавӣ ва пешрафта лозим аст, ки ниҳодҳои марбутаи кишвар аз онҳо бархурдор нестанд. Тоҷикистон нафту газро аслан аз Узбакистон Русия ва аз кишварҳои дигар харидорӣ мекунад.
Дар ҳоли ҳозир нархи бензин ва дигар маводи сӯхт дар Тоҷикистон боло рафта, масалан, як литр бензини навъи 96 ба 2 сомонӣ ва навъи 95 ба 1 сомониву 80 дирам баробар аст.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG