Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чеҳраи Ҳафта: Минтақаи аз нав ба хушунат омехтаи шарқи Тоҷикистон


Вуқуъи ҳаводиси хушунатомез дар минтақаи шарқи Тоҷикистон, ҳамлаи як гуруҳи мусаллаҳ ба идораи милисаи ноҳияи Тоҷикобод ва бархурдҳои мусаллаҳона нигарониҳоеро дар ҷомиаи ин кишвар ба бор овардааст. Ба назари таҳлилгарон, вуқуъи ин ҳаводис қабл аз ҳама баёнгари он аст, ки силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ дар ихтиёри гуруҳҳо ва афроди ҷудогона ҳамчунон боқӣ мондааст.
Ба дунболи мавриди ҳамла қарор гирифтани идораи милисаи ноҳияи Тоҷикобод як гуруҳ ба гумони даст доштан дар ин ҳамла боздошт шудааст. Гуфта мешавад, боздоштшудагон ҳамагӣ аз сарбозони мухолифи пешини давлат мебошанд. Ёрибек Иброҳимов, мулаққаб ба Шайх ва сарвари ин гуруҳ ва аз фармондеҳони собиқи нируҳои мухолифин, ба ҳамла болои идораи пулис ва нигаҳдории муҳимоти ҷангӣ муттаҳам шудааст.
Худойназар Асозода, сухангуи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон: "Кормандони раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як амалиёти муштарак дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод гузаронданд, ки дар натиҷаи он раҳбари гуруҳи мусаллаҳ Иброҳимов Ёрибек боздошт гардид бо аъзои гуруҳаш ва як махфигоҳ ошкор гардид ва аз он ҷо миқдори зиёди силоҳи гуногуни оташфишон мусодира кардаанд. Ҳамчунин у нишондод дод, ки шуъбаи корҳои дохилӣ ва бинои додситонии ноҳияи Тоҷикобод бо амри у мавриди тирборон қарор гирифта будаанд."
Аммо бо боздошти ин гуруҳ бархурдҳо фурукаш накард ва то кунун ҳамчунон ба сурати пароканда идома дорад. Воҳидҳои вокуниши сареъи вазорати дохила ба минтақа эъзом шуда ва, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, таъқиби аъзои гуруҳи мусаллаҳ идома дорад. Бино ба гузоришҳо, гуруҳҳои мусаллаҳе, ки аъзои онҳо шинохта нашудааст, ба куҳистони атроф паноҳ бурда ва ба ҳамалоти худ болои нируҳои ҳукуматӣ идома додаанд. Дар ҷараёни ин бархурдҳо дар дараи мавсум ба Тутаки ин минтақа ҳадди ақал як корманди милиса кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари нируҳои собиқи мухолифи давлат ва раиси Коммисияи пешини Оштии Миллӣ дубора силоҳ бардоштани сарбозони нируҳои мухолифи собиқ ва даргириҳо дар шарқи Тоҷикистонро пайомади муносиботи хунукназарона, сиёсати нодурусти мақомот ва эҳтиром нагузоштан ба арзишҳои созишномаи сулҳ унвон кард: "Он ҳодисаҳо аз сабаби тасмимоти нодурусту ғайрихирадмандонаи иҷрокунандагони фармон (аст), яъне онҳо вақте ки барои анҷоми кадом коре дастур мехоҳанд, ки бигиранд, масалан барои дастгир кардани кадом ҷинояткоре, ба ҷои салла калларо мехоҳанд, ки бигиранд. Дар шарқи Тоҷикистон ҳам ин ҳодисаҳо ба ҳамин хотир ба вуҷуд омадааст ва ин минтақа ба минтақаи норозикунанда табдил ёфтааст."
Ба назари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Коммисияи пешини Оштии Миллӣ, ки масъулияти татбиқи созишномаи сулҳи Тоҷикистонро бар уҳда дошт, мегуяд, як насли наве, ки ба сатҳи роҳбарии хусусан мақомоти нируҳои интизомии кишвар расидааст, на ба арзишҳои сулҳ эҳтиром дорад ва на ба касоне, ки сулҳ овардаанд.
Ба бовари Саид Абдуллоҳи Нурӣ, давлат бояд аз чунин бархурди хушунатбор ва таъқиби сарбозони пешини чӣ ҷонибдори двлат ва чӣ мухолифи он даст бар дорад, зеро ин ҳол метавонад вазъро ба мухотира андозад: "Масъалаи дигар масъалае, ки дониставу надониста, бамаврид ва бемаврид дастгир кардан ва фишор овардан ба собиқ касоне, ки ба ин кишвар сулҳ оварда буданд. Яъне он қумандононе, ки сулҳро шуниданду силоҳҳояшонро ба замин гузоштанду омаданд. Агар инҳоро зери фишор биёранд, ин боис мешавад, ки мо мумкин ҳаст, ки сулҳро хатчадор кунем, мутазалзил бисозем ва заъиф бисозем. Бинобар ин, ман агар қудрати дифоъ дошта бошам, аз ҳар ду ҷониб дифоъ мекунам."
Дар ҳамин ҳол, Нуралӣ Давлатов, коршиноси мустақили тоҷик мегуяд, эҳтимол дорад, ин даргириҳо як барномаи тарҳрезишуда ба манзури халалдор кардани субот бошад. Ба назари ин коршинос, дар ҳар сурат давлат бояд бисёр муҳтотона ба ин масъала муносибат кунад. Зеро, мегуяд у, бо идомаи ин хушунатҳо ва фурукаш накардани бархурдҳо бистари муносибе барои мудохилаи унсурҳои хориҷӣ дар ин қазия фароҳам мешавад: "Дар шароите ки дар пеш ду интихобот истодааст, бояд Тоҷикистон хеле ором бошад. Ҳоло дар Тоҷикистон як давраи ҳассос ва сарнавиштсоз аст ва созишномае, ки соли 1997 баъди 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ ба имзо расида буд, ҳама гуруҳҳо дар Тоҷикистон бояд ба он манфиатдор бошанд, то ягон замина барои мудохила дар умури Тоҷикистон аз ҷониби хориҷиён ба миён наояд. Ё ҳукумат иштибоҳ мекунад, ё ин нафарҳо иштибоҳ мекунанд, натиҷа ин хоҳад шуд, ки ҳатман гуруҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ аз он ба суди худ суъиистифода хоҳанд кард, ки чунин ҳол барои амниятдар Тоҷикистон чандон мусоидат карда наметавонад."
Ба гуфтаи таҳлилгарон, ба дунболи қазияи шарқи Тоҷикистон ин бовар низ тақвият мешавад, ки ҳамчунон амборҳо ва махфигоҳҳои кашфнашудаи силоҳ дар минтақаҳои мухталиф ба сурати фаровон аз замони ҷанги дохилӣ боқӣ монда ва имкон дорад дар ҳар фурсати муносиб мавриди истифода қарор бигиранд. Дар ҳар сурат ин қазия ақидаи халалнопазирии сулҳро мумкин ҳаст, ки дучори суол кунад. Ва ба ақидаи коршиноси мо, кушта шудани як нафар низ тавассути силоҳҳои махфишуда баёнгари он аст, ки сулҳи Тоҷикистон ҳануз ниҳодина ва мантиқӣ нашудааст.
Раҳматкарими Давлат, аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG