Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон барои Сангтӯда 150 миллион доллар медиҳад


Дар мулоқоти руасои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Эрон масъалаи густариши муносиботи дуҷониба дар тамоми заминаҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва масъалаи авзои амнияти минтақа ва таҳаввулоти Афғонистон баррасӣ шудааст.
Баъди анҷоми мулоқотҳо чанд созишномаи дуҷониба, аз ҷумла дар заминаи таъсиси "Ширкати муштараки тарҳи Сангтӯда-1", дар бораи ҷилавгирӣ аз андозситонии дуҷониба, ёддошти тафоҳум дар бораи вогузории мутақобили моликияти сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва моликияти сафорати Эрон дар Душанбе ба ихтиёри якдигар миёни мақомоти ду кишвар ба имзо расид.
Ҷонибҳо ниҳоӣ шудани созишномаи азсаргирии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯдаро аз муҳимтарин дастовардҳои ин мулоқот арзёбӣ карданд.
Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, пешрафт ва рушди Тоҷикистонро ҷузъи сиёсати роҳбурди кишвараш баршумурд ва гуфт: " Ҳар коре, ки битавонем бикунем, барои пешрафту тавсиъаи Тоҷикистон анҷом хоҳем дод. Дар Сангтӯда феълан мо 150 миллион доллар пешбинӣ кардем барои кор, ки бо кӯмаки худи Тоҷикистон ва бо кӯмаки Русия, иншоаллоҳ, битавонем сареътар ин корро анҷом бидиҳем. Ва мутмаъин бошед, ки сиёсати мову стротежии мо, сиёсати усулии мо ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар сутуҳи густарда аст ва пешрафти Тоҷикистонро мо пешрафти худамон медонем."
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба шарҳи бештари ин мавзӯъ пардохт ва аз афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи иқтисодӣ тайи ду соли охир изҳори қаноъатмандӣ кард.
Ӯ гуфт, ба асоси тавофуқот 51 дарсади саҳми нерӯгоҳи Сангтӯда ба ихтиёри ҷониби Эрон ва 49 дарсади он ба ихтиёри Тоҷикистон ва кишварҳои дигари саҳим дар ин лоиҳа хоҳад буд: "Панҷоҳу як фисади нерӯгоҳи обии барқии Сангтуда ин аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 49 фисадаш аз они ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳое, ки ҳамроҳ мешаванд, яъне ҷониби Русия. Барои ба анҷом расондани ин сохтмон бояд дар оянда 250 миллион доллар аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 100 миллион доллар аз ҷониби Федератсияи Русия изҳор доштанд, ки маблағгузорӣ мекунанд. Ва дар 4 сол бояд ба итмом расад."
Вале, гуфт Эмомалӣ Раҳмонов, ҳанӯз имконот ва зарфиятҳои зиёди дастнахӯрда мавҷуд ҳаст, ки бояд аз онҳо кор гирифта шавад. Вай бо ишора ба муштаракоти ду кишвар гуфт, тоҷикон ва эрониёнро танҳо фосилаҳои ҷуғрофӣ аз ҳам ҷудо кардааст ва изҳори умедворӣ кард, ки Эрон дар тарҳҳои дигари вобаста ба бунёди иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон низ саҳм хоҳад гирифт.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки ба зудӣ дар шаҳри Душанбе як корхонаи муштараки тракторсозӣ дар заминаи корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бунёд мешавад, ки солона тавони тавлиди то 1 000 адад тракторро хоҳад дошт.
Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи амнияти минтақа ва ба хусус авзоъи Афғонистон дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ низ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, бо вуҷуди таҳавулоти мусбат дар он кишвар авзоъ ҷанбаҳои нигаронкунандае низ дорад. Вай гуфт, мо зарурати як сиёсати усулӣ ва рӯшан дар баробари фаъолиятҳои боқимондаи гурӯҳи Толибон ва Ал-Қоидаро амри муҳим медонем.
Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи якшанбе бо зиёиёни тоҷик ва бо эрониёни муқими Тоҷикистон, инчунин бо раиси Маҷлиси Миллӣ ва сарвазири ин кишвар низ мулоқот хоҳад кард. Рӯзи душанбе, 13 сентябр қарор аст оқои Хотамӣ аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда дидан карда, идомаи сохтмони ин нерӯгоҳро расмӣ оғоз хоҳад бахшид. Муҳаммади Хотамӣ ҳамчунин аз маҳалли нақби Анзоб, ки тавассути як ширкати эронӣ бунёд мешавад, ва аз мазори Абӯабдуллоҳи Рудакӣ, саромади адабиёти форсӣ низ боздид хоҳад кард.
Раҳматкарими Давлат, шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG