Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба нишасти ECO дар Душанбе


Рӯзи ҷумъаи 10 сентябр ҷаласаи коршиносони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ё худ ECO дар шаҳри Душанбе ба таҳияи асноде, ки дар саммити 8-уми раҳбарони кишварҳои ин созмон баррасӣ мешаванд, оғоз кард. Ин саммит 14 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон доир хоҳад шуд.
Сироҷиддин Аслов, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ҷаласаи коршиносони EКО масоили мухталифи равобити иқтисодии миёни давлатҳои узви ин созмонро баррасӣ ва лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ин кишварҳоро таҳия месозад: "Пеш аз ҳама мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ба имзо расидани шартномаи тиҷорати байни кишварҳои узви ECО ва шартномаи оид ба ҷалби бештари бахши хусусӣ дар мавриди рушди муносибатҳои иқтисодии байни ин кишварҳо баррасӣ шуд."
Оқои Аслов ҳамчунин афзуд, ҷониби Покистон масъалаи мубориза алайҳи терроризм дар ин ҷаласаро пешниҳод карда буд. Аммо ба гуфтаи ӯ, аз он хотир, ки ин созмон бар асоси ҳамкориҳои иқтисодӣ бунёд гашта ва дар оинномаи кишварҳои узви EКО баррасӣ ва бастани қарордод дар масоили сиёсиву низомӣ сабт нашудааст, ҷаласа аз баррасии ин пешниҳоди ҷониби Покистон худдорӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки намояндагони Тоҷикистон узвияти ин кишвар ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро мусбат ва пурманофеъ арзёбӣ мекунанд. Ба эътиқоди Рамазон Мирзоев, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамзамон вакили доимии ин кишвар дар ECО пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон, "дар оянда переспективаи хуб дорад. Ва барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, инчунин воридоту содироти мол ба Тоҷикистон, ба воситаи Халиҷи Форс баромадан ба Аврупову дигар кишварҳо хеле муфид аст."
Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар соли 1977 аз сӯи кишварҳои Эрон, Туркия ва Покистон бар асоси созишномаи шаҳри Измир таъсис шуда ва то соли 1992 бо унвонҳои мухталиф фаъолият доштааст. Бо пайвастани ҳафт кишвари дигар ба ин созмон, аз ҷумлаи Тоҷикистон дар соли 1992 ба ECО унвони кунуниро доданд. Дар соли 1998 парлумони Тоҷикистон созишномаи нави Измирро мақбул дониста ва узвияти ин кишвар ба ЭКО-ро қонунӣ гардонид.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG