Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши қудратмандтарини Осиёи Марказӣ?


Раҳматкарими Давлат аз Душанбе

Артиши миллии Тоҷикистон дар заминаи ҷузву томҳои Фронти халқии собиқ, ки барои ба истилоҳ барқарории сохтори қонунӣ муборизаи мусаллаҳона мекард, таъсис шудааст. Баъди се моҳи бо пуштибонии нирӯҳои Фронти халқӣ ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов дар санаи 23 феврали соли 1993, яку ним соли баъди касби истиқлоли Тоҷикистон, аз таъсиси артиши миллии Тоҷикистон эълон дода шуд. Санае, ки тӯли 70 соли мавҷудияти шӯравӣ ба унвони рӯзи артиши сурх таҷлил мешуд. Тоҷикистон танҳо ҷумҳурии шӯравии собиқ буд, ки ба туфайли сиёсати ҳокимони вақти ҷумҳурӣ ба ҳангоми аз ҳампошии шӯравӣ аз мероси шӯравӣ, хусусан ҷангафзорҳои беҳисоб ва фаровони он бенасиб монд.
Роҳбарияти вақти Тоҷикистон ба номи вопасин вазири дифои шуравӣ маршол Шапошников дар мавриди моликияти миллии Тоҷикистон эълон кардани муҳимот ва ҷангафзорҳои шӯравии воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон ҷавоби рад дод. Ба бовари бисёре аз мақомоти он замон Тоҷикистон гӯё ба артиш ниёз надошт.
Аммо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва оҷизии давлат дар ҷилавгирӣ аз бархӯрди гурӯҳҳо ва эҳсоси нотавонӣ дар ҳимояти шаҳрвандон зарурати доштани артиши миллиро собит кард ва давлати навпои Раҳмонов бар ивази қарзҳои ҳангуфт, ки то кунун ҳамчунон қарзи давлатӣ маҳсуб мешавад, барои артиши миллӣ ҷангафзор харидорӣ кард.
Артиши Тоҷикистон амалан дар шароити ҷанг таъсис шудааст. Дар зимистон ва баҳори соли 1993 аввалин ҷузву томҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар набардҳои мусаллаҳона муқобили нирӯҳои мухолифин дар минтақаи шарқи Тоҷикистон тавонмандии худро озмоиш карданд.
Аммо акнун мақомоти умури дифоии Тоҷикистон бар ин боваранд, ки артиши Тоҷикистон бар асари бархӯрдҳои муссалаҳона бо нирӯҳои мухолифин таҷрибаи кофии ҷангӣ андӯхта ва хусусан баъди идғоми нирӯҳои мусаллаҳи мухолифин бо нирӯҳои мусаллаҳи давлат артиши Тоҷикистон яке аз озмудатарин артишҳои ҷангӣ дар минтақа мебошад. Полковник Заробиддин Сироҷев сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон: "Имрӯз гуфтан мумкин аст, ки артиши миллии Тоҷикистон ба як нерӯе, ки тавонад, аз дастовардаҳои истиқлолияти Тоҷикистон, аз якпорчагии он, аз ҳаёти осоиштаи мардум дифоъ кунад, табдил ёфтааст. Ҳамон қувваҳое, ки шомил ба нерӯҳои ҳукуматӣ буданд ва нерӯҳои мухолифи он ба ҳам омада ва ҳоло ҳомӣ, ё муҳофизатгари Ҷумҳурии Тоҷикистон шудаанд.»
Аммо ин дар ҳолест, ки Мирзо Азимӣ, як коршиноси дигари умури низомӣ ва полковники собиқи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, умдатарин мушкили нирӯҳои муссалаҳи кишвар ҳамоно таъминоти онҳо бо васоили лозима мебошад: "Дар Тоҷикистон пахта ҳаст, корхонаҳо бекор ҳастанд, одамон бекор ҳастанд, имконияте нест, ки мо барои сарбозон либос дӯзем ва онҳоро таъмин кунем. Барои як сарбоз ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ё собиқ шӯравӣ бигирем, бисёр чиз зарур аст, барои хӯроки ӯ, аммо ин меъёрҳо ҳоло нест. Дигар масъала паст будани музд аст, ки бо як одам шиками худашро сер карда наметавонад."
Ин ҳама дар ҳолест, ки дар қаламрави Тоҷикистон нирӯҳои Русия иборат аз як фирқаи мавсум ба 201 ҳузур дошта ва то ҳоли ҳозир марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҷониби сарбозони Русия ҳифозат мешавад ва ба бовари хелеҳо ҳузури нирӯҳои Русия омили бақои ҳукумати вақт ва таъмини субот дар ин кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG