Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навраси 13-сола ва пойбанд


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе То кунун истиқлолияти Тоҷикистонро 128 кишвари дунё расман эътироф карда ва тайи сездаҳ соли мустақилият Тоҷикистон бо наваду нӯҳ мамлакат равобити дипломатӣ барқарор кардааст.

Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ин кишвар ба сифати як ҷузъи ҷудонашаванда ва комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ марҳалаи эҳёи баъди ҷанги шаҳрвандиро пушти сар карда ва дар ҳоли ҳозир тавассути ба роҳ андохтани сиёсати муносиб ва дурусти хориҷӣ тавонист, эътимод ва эътирофи кишварҳои минтақа, созмонҳо ва ҷомеаи байналмилалиро ба даст оварад.
Оқои Насриддинов афзуд тайи солҳои истиқлолият ва бахусус пас аз ҳаводиси маълуми сентябрии соли 2001 ва узвияти Тоҷикистон ба Эътилофи ҷаҳонии зидди террор ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба бо кишварҳои олам ҳам дар самти сиёсати беруна ва ҳам дар бахши иқтисод густариш пайдо кардааст: "Танҳо дар соли 2003 аз Тоҷикистон бештар аз 150 ҳайъатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ боздид ба амал оварданд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар 15 кишвару созмонҳои байналмилалӣ сафоратхонаҳо намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дорад. Имрӯз 16 кишвари Осиё, Аврупо ва Америка дар Тоҷикистон сафоратхонаҳову намояндагиҳои худро дорад."
Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон афзуд, тӯли солҳои истиқлолият кишвараш 608 созишнома ва дигар асноди ҳуқуқии танзимкунандаи муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишвархои минтақа, Аврупо, Африқо ва Америка ба тасвиб расонидааст.
Дар ҳоле, ки масъулини давлат аз рушду инкишофи сиёсати хориҷии кишвар ва касби обрӯву нуфуз дар сатҳи байналмилалӣ сухан мекунанд, намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсии мухолиф ва сиёсатшиносони мустақил бо ишора ба афзоиши бесобиқаи қарзҳои берунаи кишвар ва дар бештари маврид пайравии ҳукумат аз сиёсати давлати Русия дар қиболи масоили байналмилалӣ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон то ҳоли ҳозир як мақоми муносиберо миёни кишварҳо ишғол накардааст.
Раҳматулло Валиев дабири масъули Ҳизби демократии Тоҷикистон мегӯяд, истиқлолияти кишварро иқтисоди тавонманд ва пешрафта таъмин хоҳад кард: "Иқтисоди Тоҷикистон, ки аз бисёр кишварҳои ҳамсояву дур қарзҳои зиёде дорад ва аз нуқтаи назари сиёсӣ мавҷудияти чунин қарз мустақил будани кишварро номумкин мегардонад. Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ вобаста ва пойбанди кишварҳои хориҷист, ки ин мустақилияти сиёсии кишварро пурра ва комил гуфтан нашояд."
Ба ақидаи Абдуғанӣ Мамадазимов раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, ин кишвар дар марҳалаи кунунӣ барои эъмори ҷомиаи шаҳрвандӣ ва такмили равандҳои демократӣ ба Амрико, ҷиҳати таъмини шароит ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ ва иқтисодаш ба Русия ва дар амри раҳоӣ аз бунбасти ҷуғрофӣ ба Чин такя кардааст. Оқои Мамадазимов ҳамзамон аз мушкилоти кишвар дар сатҳи байналмилал ёдовар шуд: "Дар арсаи байналмилалӣ хеле хуб намешиносанд ва шиносанд ҳам воситаи наркотрафик бисёртар мешиносанд. Ин барои имиҷи Тоҷикистон бад аст. Яъне моро як давлати тронзитии маводи мухаддир хисоб мекунанд. Дуюм масъала, ин масъалаи камбизоатӣ аст, ки имкон намедиҳад, мо устувортар кор кунем. Ва бисёртар мо аз давлатҳо ёрдам мепурсем, ки ин ҳам дар арсаи байналмилалӣ хуб нест."
Ва аммо Салоҳиддин Насриддинов - муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки масоили мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, тундгароии мазҳабӣ ва терроризм аз самтҳои умдаи сиёсати хориҷаи кишвараш мебошад. Вай бо ёдоварӣ аз ифтитоҳи сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Иёлоти Муттахидаи Амрико ва дар Ҳиндустон дар соли равон афзуд, ки дар ин заминаҳо низ кишвараш аз пуштибонии ҷомеаи байналмилалӣ бархурдор аст.
XS
SM
MD
LG