Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Панҷакент то Самарқанд роҳи оҳан сохтанианд


Ҳукумати шаҳри Панҷакент дар ҳамдастӣ бо ширкати «Сам Бу» аз кишвари Куриёи Ҷанубӣ барои васли манотиқи водии Зарафшони Тоҷикистон бо хатти роҳи оҳани Узбакистон дар вилояти Самарқанди он кишвар иқдом кардаанд. Ширкати куриёӣ, ки мехоҳад дар Панҷакент як корхонаи муштарак барои истеҳсоли нурии минералии фосфорид бунёд кунад, гуфтааст, барои кашидани хатти роҳи оҳан то шаҳри Самарқанд то 200 миллион доллари амрикоӣ сармоя лозим аст.
Бино ба иттилоъи шаҳрдории Панҷакент, намояндагони ширкати «Сам Бу» ин тасмими худро ахиран баъди анҷоми як мулоқот бо мақомоти ҳукуматҳои Панҷакент ва вилояти Самарқанди Узбакистон изҳор доштаанд.
Дар ҳамин ҳол, аз дафтари ҳукумати шаҳри Панҷакент ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳамакнун ҷониби Куриёи Ҷанубӣ ба хотири дарёфти иҷозаи бунёди хатти роҳи оҳани Панҷакент - Самарқанд ба давлати Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Шоҳини Облоқул, хабарнигори ожонсии «Вароруд» дар бораи ҷараёни иҷрои ин барнома гуфт: «Фирмаи «Сам Бу» баъди гуфтугу бо ҳукумати Тоҷикистон меоянд ба ин ҷо (Панҷакент) ва сари ин масъала боз бо ҷонибҳо сари мизи мувофиқа хоҳанд нишаст».
Аз оқои Шоҳин пурсидам , оё ҷониби Узбакистон сари масъалаи кашидани хатти роҳи оҳани Панҷакент - Самарқанд чӣ назар дорад? У гуфт, мақомоти вилояти Самарқанди ин кишвар ризояти худро изҳор доштаанд, аммо тасмими ниҳоӣ ба дасти Тошканд, пойтахти давлати Узбакистон аст.
Минтақаи Зарафшони Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо кишварҳои ғайр танҳо як роҳи иртиботии мошингард дорад, ки он ҳам аз қаламрави Узбакистон мегузарад. Аммо давлати Узбакистон аз ибтидои соли 2000 убури бемамониати нақлиёти Тоҷикистонро тавассути ин роҳ манъ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки роҳи Панҷакент ба суи Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва Хуҷанд - маркази устони Суғд тавассути гарданаҳои Анзоб ва Шаҳристон низ дар давоми бештари моҳҳои сол баста аст ва водии Зарафшон бо баста шудани ин роҳ дар як бунбасти иқтисодӣ қарор мегирад. Дар ин бора Хулқар Юсуфов, коршинос дар умури иқтисодии минтақа мегуяд: «Роҳи хуби иқтисодии водии Зарафшон ба тарафи Самарқанд аст. Агар ин роҳ кушода шавад, тамоми боигарие, ки дар ноҳияҳои Айниву куҳистони Мастчоҳ ва Панҷакент ҳаст, ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон ва ҳам ба кишварҳои хориҷа меравад. Истифодаи ин роҳ на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба фоидаи Узбакистон ҳам ҳаст».
Идораи ҳукумати Панҷакент мегуяд, сохтмони шабакаи роҳи оҳани Панҷакент - Самарқанд бо кумаки молии корхонаи Куриёи Ҷанубӣ бо номи «Сам Бу» дар пайи ҳосил шудани тавофуқи ниҳоӣ бар сари ин масъала миёни давлатҳои Узбакистон ва Тоҷикистон шуруъ хоҳад гашт.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG