Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи сафари Хотамӣ дар Тоҷикистон


Раҳматкарими Давлат аз Душанбе

Носири Сармади Порсо - сафири Эрон дар Душанбе барномаи сафари расмии Муҳаммади Хотамӣ - раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистонро эълон кард. Сармади Порсо, ки рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, музокирот бо раиси ҷумҳур ва раиси парлумони Тоҷикистон, имзои асноди омодашуда, боздид аз иншоотҳое назири тунели Анзоб, нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда, нишаст бо фарҳангиёни тоҷик ва ширкат дар иҷлосияи сарони кишварҳои узви созмони ҳамкориҳои иқтисодии ЭКО-ро аз муҳимтарин бахшҳои барномаи сафари оқои Хотамӣ ба Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Ӯ гуфт, сафари Хотамӣ дар таърихи 11 сентябр оғоз ва се рӯз идома хоҳад кард. Сафири Эрон дар Душанбе гуфт, зимни ин сафар қарор аст, Муҳаммади Хотамӣ ба сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда расмӣ оғоз бубахшад. Бунёди садди обии Сангтӯда бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда миёни ду кишвар ва таъсиси як консорсиюм бар ўҳдаи Эрон мебошад.
Сармади Порсо гуфт: "Бо раиси ҷумҳур дар маҳҳали пружа ҳозир хоҳанд шуд. Маблағи мушахассе ҳам тахсис дода шудааст. Ва ин аввалин қадам барои иҷро кардани барномаи сохти пружа, ташкили ширкати пружа аст, ки ду ширкати эронӣ ба сурати муштарак иншооллоҳ амалиёти сохтро шурӯъ хоҳанд кард."
Аммо гуфт оқои Порсо, агарчанд мудирияти иҷрои барномаи консорсиюми Сангтӯда бар ӯҳдаи Эрон аст, вале ҳар кишвари дигаре низ метавонад, дар ин сохтмон саҳм бигирад ва аз ҷумла ба гуфтаи сафири Эрон дар ин замина ҳангоми нишасти чанд рӯзи пеши вазирони энержии Эрон, Тоҷикистон ва Русия дар Теҳрон дар бораи ширкати Русия дар ин сохтмон тавофуқоте ҳосил шудааст.
Сафири Эрон ҳамчунин гуфт, дар чанд ҳафтаи пеш як тафоҳумнома дар мавриди бунёди роҳи иртиботӣ миёни се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба имзо расида ва қарор аст, ки дар мулоқотҳои раиси ҷумҳурии Эрон бо мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон масъалаи иҷрои ин барнома ва таъмини молии он баҳс шавад.
Сафири Эрон дар Душанбе гуфт, сохтмони тунели Анзоб, ки тавассути як ширкати эронӣ бунёд мешавад, дар замони таъйиншуда ба анҷом хоҳад расид. Ҳамчунин бар асоси барномаи сафараш қарор аст, Муҳаммади Хотамӣ оромгоҳи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ - падари адабиёти форсӣ дар шимоли Тоҷикистонро низ зиёрат кунад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG