Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Раҳмонов: "Мо дар канори мардуми Беслан ҳастем."


Эмомалӣ Раҳмонов президенти Тоҷикистон рӯзи 7 август дар сафорати Русия дар Душанбе ба ҷамъи хабарнигорон гуфт, бояд дар роҳи мубориза бо терроризми байналмиллалӣ билкулл ба сиёсати дугуна хотима дод. Вай афзуд, ин сиёсатест ки мо аз он ранҷ мебарем. Эмомалӣ Раҳмонов ин нуктаро ҳангоми изҳори тасаллият ба муносибати сӯгвории сартосарии Русия ба наздикони қурбониёни ҳодисаи Беслан баён дошт.
Вай ҳамчунин гуфт, алайҳи терроризми байналмиллалӣ танҳо дастаҷамъона метавон мубориза бурд ва муваффақ шуд: «Мардуми кишвари ман аз ин ҳодиса андӯҳгин аст ва баробар бо ҷамъияти Русия дар сӯги қурбониёни ин ҳодиса дар канори хонаводаҳое, ки аз пайвандонашон ҷудо шудаанд ва азо доранд, нишастааст. Тоҷикистон ҳамчунон алайҳи терорризм ва тундгароӣ мубориза мебарад. Хусусан дар се соли ахир Тоҷикистон дар роҳи мубориза бо тероризми байналмилалӣ, тундгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир корҳои назаррасеро анҷом додааст."
Аммо оқои Раҳмонов таъкид намуд, ки нерӯи Тоҷикистон дар ин кофӣ нест. Дар ин роҳ пеш аз ҳама муборизаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият дода ва муштаракан мубориза бурд. Бо ҳар ҳол нерӯҳои қудратӣ ва амниятии кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулмаенофеъ басиҷ карда шавад, ӯ афзуд, агар дар ин роҳ муваффақ шавем, корҳои зиёдеро ба манофеи минтақа Русия ва кишварҳои ҷаҳон метавон анҷом дод. Тоҷикистон то ҳодисаи 11сентябр ҳамроҳ бо Русия бар зидди терроризм талош мекунад, гуфт Эмомалӣ Раҳмонов.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Максим Пешков низ дар маросими сӯгворӣ таъкид намуд, ки танҳо дар муборизаи муштараки кишварҳои ҷаҳон метавон бар терроризми байналмиллалӣ ғолиб омад. Дар ҳамин ҳол Ҷамъияти осетинҳои Тоҷикистон бо ирсоли як номаи тасаллият ба унвони президенти Осетияи Шимолӣ Александр Дзасохов гуфтаанд, амали террористӣ дар мактаби Бесланро маҳкум ва ҳамдардии худро ба наздикони осебдидагон изҳор мекунанд.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG