Пайвандҳои дастрасӣ

Достони ростон, сарнавиштҳои ҳамсон, алами "Адолат", баҳси сатри аврат, марги муҳоҷирон ва муқаррароти мушкилзои нави сафар


Достони ростон дар бораи Султон Қувват». Дар як саҳифаи «Ҷумҳурият»- бо ин ном навиштае ҷой дода шудааст. Дар он сурати Султон Қувват - раиси ҳизби сабтиномнашудаи "Тараққиёт" ва се зан ҳамчун ҳамсарони Султон Қувват чоп шудаанд. Дар матлаб омадааст, Султон Қувват ҳангоми раиси кумитаи андоз буданаш ҳама ҳамсояву ҳамкурсу ҳамхизматҳояшро ба кор гирифтааст ва бо истифода аз мансаб дар дараи Харангон чанд бинои табобатӣ-истироҳатии маркази кардиологии ҷумҳуриро хусусӣ кардааст ва дар Душанбеву Кӯлоб чандин дӯкону тарабхонаву хонаҳои истиқоматӣ харидааст.
Вале имрӯз, хулоса кардааст муаллиф, талошҳои Султон Қувват дар сиёсат танҳо боз ба хотири тамаъи шахсӣ асту бо дастгирии мамолики хориҷӣ, ба вижа Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолият мебарад. Ва аммо Султон Қувват дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ҳамаи ин навиштаҳоро такзиб намуда як тӯҳмати макомоти хукуматй нисбати шахси худаш номид ва гуфт дар остонаи интихобот мехоҳанд обрӯи ӯро поин баранд.
Ҳафтаномаи «Азия-Плюс» навиштааст, пас аз муваққатан қатъ кардани фаъолияти нашриёти «Каримҷон Қодирӣ» нашрияи ҳизби демократии Тоҷикистон «Адолат»- ро низ ин ҳафта тақдири «Рӯзи Нав»-у «Нерӯи Сухан» - у «Одаму Олам» насиб шуд.
Нашрияи ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, «Минбари Халқ» низ дар бораи ҳафтаномаи «Адолат» матлабе ба нашр расондааст. Ин мақола дар посух ба навиштаи «Адолат», ки таҳти унвони «Косаи даври ҳизби халқӣ демократй» ба нашр расида буд ва дар он ҳизби халқӣ-демократӣ ба унвони як ҳизби ҳоким ва яккатоз ва нашрияи ҳизбии он «Минбари халқ» зери танқид гирифта шуда буд.
«Минбари халқ» дар ҷавобия ишора мекунад, ки навиштаи «Адолат» ба тарзи обунаи «Минбари Халқ» аз алам аст, зеро хонандаҳои «Минбари Халқ» аз 20.000 зиёд асту «Адолат» ҳамагӣ се ҳазор мухлис дорад. Ҳафтаномаи «Чархи Гардун» рубрикаи наверо оид ба ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Русия боз кардааст. Дар нашри нахустини он, қиссаи марги 5 нафар ҷавони тоҷик бо суратҳояшон чоп шудааст. Нашрия навиштааст, тӯли як солу ҳашт моҳи гузашта танҳо аз ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ 13 нафар дар Русия ҷони худро аз даст додаанд. Ва аммо гуфта мешавад, аз тобистони соли оянда теъдоди марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба маротиб кам хоҳад шуд.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» навиштааст, бо ҷорӣ шудани низоми рафтуо тавассути шиносномаи хориҷӣ миёни Тоҷикистону Русия, ҳузури муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ хоҳад буд ва аксари кулли онҳо ихроҷ хоҳанд шуд.
Ҳафтанома навиштааст, ҳар сол танҳо ҳудуди 20.000 нафар имкони гирифтани шиносномаи хориҷӣ доштаанд ва ҳоли боқимонда бештар аз як миллион муҳоҷир чӣ мешавад, номаълум аст. Ҳафтанома навиштааст, нархи расмии як шиносномаи хориҷӣ тақрибан 30 доллар аст, аммо одатан барои ҳар як шиноснома то 100-150 доллар сарф мешудааст.
«Наҷот» нашрияи ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ки пас аз ду ҳафтаи ба истилоҳ «истироҳат» ин ҳафта нашр шуд. Дар як навиштаи ин ҳафтанома манъи сатри аврат ё бо ҳиҷоб ба мактаб рафтани духтаронро помоли ҳуқуқи онҳо дар озодии эътиқод дониста шудааст. Сабаб - ҷорӣ шудани либоси ягонаи мактабӣ будааст.
«Чархи Гардун» навиштааст, тибқи қарори вазорати маориф духтарон дар зимистон поҷомаи шерозадор ҳамранги куртаи беостини дароз, ки «сарафан» ном доштааст, бояд пӯшанд. Дар гармо бошад, духтарон кофта ва ё блузка бо юбкаи аз зону поён мепӯшидаанд.
XS
SM
MD
LG