Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Комде ва Мадан" дар Австрия


Операи "Комде ва Мадан"-и Зиёдулло Шаҳидӣ рӯзҳои наздик дар Вена - пойтахти Австрия ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд. Дар ин бора ба хабаргузории "Авасто" пажӯҳишгари тоҷик Хайрулло Сайфуллоев иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, операи оҳангсози тоҷикро устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон Юсуф Амакиев ба забони олмонӣ тарҷума кардааст.
Тасмим дар мавриди дар саҳнаи шаҳри Вена гузоштани операи "Комде ва Мадан" ҳангоми мулоқоти сафири Австрия дар Тоҷикистон Ҳайдемари Гюрер бо устодони ин донишгоҳ гирифта шуда буд. Операи "Комде ва Мадан" аз рӯи достони машҳури яке аз нобиғаҳои назми Аҷам Абдулқодири Бедил баъди чандин сол дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи Айнӣ дубора ба саҳна гузошта шуд.
Ва дигар ин ки дар арафи рӯзи истиқлол барандагони ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ эълон шуданд. Нависанда Сорбон барои романи "Достони писари худо", ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов барои офаридани чеҳраҳои Исмоили Сомонӣ ва Спитамен дар намоишномаҳои театри ба номи Лоҳутӣ, рассоми мардумии Тоҷикистон Юсуфҷон Сангов барои силсилаи тасвирҳои "Сарзамини офтобӣ" ва ду оҳангсоз - Хайрулло Абдуллоев барои композитсияи мусиқии "Роҳи Хирад" ва Қудратулло Яҳёев барои силсилаи таронаҳои "Булбулакон сароед" ба дарёфти ҷоиза мушарраф шуданд.
Саидқосими Қиёмпур
XS
SM
MD
LG