Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Терроризми телефонӣ дар ҳавопаймои Тоҷикистон


Ҳавопаймои мусобирбари Ту - 154, хати сайри Оренбург - Хуҷанд, ки тибқи иттилоъи дарёфтии хадамоти амниятии шаҳри Оренбурги Русия, бомбгузорӣ шуда, эҳтимолан ҳангоми парвоз ба сӯи Хуҷанд дучори таркиш мегашт, нимашаби якшанбеи 5 сентябр бе осеб дар майдони ҳавоии ин шаҳр фуруд омадааст.
Хадамоти амниятии майдони ҳавоии Оренбург гуфтааст, бо бомб дар дохил роҳ сӯи Тоҷикистон гирифтани ҳавопаймо бо 143 мусофир ва сарнишинро, як фарди номаълум баъди чанд лаҳзаи ба ҳаво бархостани он таввасути телефон ба фурудгоҳи Оренбург хабар додааст.
Абдуқодир Ашӯров - сарвари хадамоти бехатарии майдони ҳавоии Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Русия онҳоро замоне дар ҷараёни ҳодиса гузошт, ки ҳавопаймо ба Тоҷикистон наздик меомад: «Баъди шунидани ин хабар тамоми ҳайъати шахсии майдони ҳавоӣ ба по хезонида шуда, дар ҳолати омодабош қарор гирифт. Ба қайдгирии мусофирон ба хати сайри дигар мавқуф эълон гардид ва одамон аз толори фурудгоҳ бароварда, ба ҷои дуртар бурда шуданд. Ҳавопаймои рейси Оренбург - Хуҷанд дар як майдони техникӣ беосеб фуруд омад. Бомбҷуён ҳавопайморо дақиқан муоина карданд, аммо дар он ҳеҷ як бомб пайдо нагардид."
Муоинаи ҳавопаймои Хуҷанд аз ҷониби мутахассисон ва кормандони хадамоти дигари қудративу амниятии Суғд ҷиҳати дарёфти бомбе, ки гӯё ба хотири тарконидани ҳавопаймо гузошта шудааст, беш аз 5 соат давом кардааст. Ҳамчунин дар ин муддат сафариёни ҳавопаймо низ мавриди ташхиси мӯшикофона қарор гирифтаанд.
Сарвари хадамоти амниятии майдони ҳавоии Хуҷанд инчунин афзуд, то кунун дар бораи ҳайсияти шахсияти оне, ки аз бомбгузорӣ шудани ҳавопаймои Тоҷикистон фурудгоҳи шаҳри Оренбургро огоҳ кардааст, аз ҷониби мақомоти масъули Русия иттилоъе нарасидааст.
Бино ба иттилоъи масъулини хадамоти амниятии майдони ҳавоии Хуҷанд, даҳ километрии шарқи маркази устони Суғд, тайи солҳои ахир бори нахуст аст, ки дар бораи бомбгузорӣ шудани як ҳавопаймои Тоҷикистон ба онҳо хабари бардурӯғи як шахси номаълум мерасад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG