Пайвандҳои дастрасӣ

Садамаи пурқурбонӣ дар ағбаи Хобуработ


Шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар натиҷаи садамаи як микроавтобуси мусофирбари навъи "УАЗ -2206" дар километри 265-уми роҳи Душанбе -Хоруғ дар минтақаи ағбаи Хобуработ 5 нафар кушта ва ду мусофири дигар беномунишон шудааст.
Навбатдори идораи милисаи ноҳияи Дарвози вилояти мухтори Бадахшон Азизбек Мусофиров ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, ин мошин ба қаъри ағбаи Хобуработ сарозер шуда ва аҷсоди 5 мусофири кушташуда бо шумули як ноболиғро ба бемористони ноҳияи Дарвоз овардаанд.
Дар ин ҳол, манобеъи дигар аз ҳалокати дасти кам 9 нафар дар ин сониҳа хабар медиҳанд ва мегуянд, аз 14 мусофири ин мошин танҳо 5 нафар ҷони солим ба дар бурдаанд.
XS
SM
MD
LG