Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домана домани Панҷакентро сар медиҳад?


Бемории домана ва ё тифи шикам дар Панҷакент, ки дар давоми моҳи ахир садҳо сокини ду ҷамоати ин минтақа, Саразм ва Чинорро аз по дарафканда буд, рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Маҳмуд Рабеъҷонов, сарвари идораи ҳифзи сиҳати вилояти Суғд, дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар беморхонаҳои ноҳияи Панҷакент камтар аз 307 нафар гумонбарони бемории домана бистарӣ ҳастанд.
Вай афзуд: Муайян намудем, ки аз инҳо 71 нафар гирифтори домана мебошанд. Лекин дигарҳо бо нишонаҳои беморӣ танҳо барои ташхис ба беморхонаҳо хобонида шудаанд ва акнун солимҳоро аз беморхона ҷавоб медиҳем. Ҳолат ба эътидол омада истодааст. Рӯзҳои ахир фақат 3 нафар бо нишонаҳои домана ба беморхона хобонида шудаанд».
Ба иттилоъи идораи ҳифзи сиҳати вилоят, дар миёни ташхисшудагон 25 сарбоз аз ҷузву томҳои низомии Панҷакент низ будаанд, ки 7 нафари онҳо аз ҷониби табибон мубталои тифи шикам шинохта шудаанд.
Як комиссияи вижаи табибон, иборат аз мутахассисони марказҳои беҳдошт ва идораҳои ҳифзи тандурустӣ аз пойтахти Тоҷикистон ва маркази вилояти Суғд баъди ташхис ва омӯзиш сарчашмаи паҳншавии бемории доманаро дар байни аҳолии Панҷакент истифода аз оби нопок донистааст.
Сокинони ҷамоатҳои Саразм ва Чинори ноҳияи Панҷакент баъди аз кор бозмондани насосҳои обкашӣ, ки онҳоро бо софи оби зеризаминӣ таъмин мекард, ташнагии худро аз оби софкоринашудаи ҳавзу ҷуйҳо шикастаанд. Бемории домана ва ё тифи шикам аз маризиҳоест, ки системаи тибби шӯравии собиқ аз маҳви он дар қаламрави худ оҷиз омада буд. Ин беморӣ тибқи маълумоти идораи ҳифзи сиҳати Суғд, тайи 40 соли ахир дар минтақаҳои Зарафшону Ашт ва Исфара гоҳу ногоҳ доман мезад. Дар ноҳияи Панҷакент бори ахир хуруҷи домана солҳои 1997 - 1998 ба мушоҳида расида буд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб аз шаҳри Хуҷанд
XS
SM
MD
LG