Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори Алио Марӣ бо Шералӣ Хайруллоев


Мишел Алио Марӣ - вазири дифои Фаронса бо Шералӣ Хайруллоев - вазири дифои Тоҷикистон масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи низомӣ ва авзои амниятии минтақаро баррасӣ кардааст. Хонум Алио Марӣ баъди ин мулоқот ва боздидаш аз мақарри низомиёни Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе гуфт, қарор шудааст, дар авоили моҳи оянда ҷаласаи муштараки Комиссияи низомии Тоҷикистон ва Фаронса ба манзури танзими барномаи ҳамкориҳои оянда доир шавад:
"То чанд ҳафтаи дигар ин комиссия дар шаҳри Душанбе гирди ҳам меояд ва масъалаи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникии дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард. Комиссияи мазкур бо баррасии самтҳо ва дурнамои ҳамкории дуҷониба як барномаи рушди ҳамкориҳои низомӣ барои се соли ояндаро таҳия хоҳад кард."
Мишел Алио Марӣ таъкид кард, то кунун вазорати дифои Фаронса дар омодасозии сарбозон ва омӯзиш додани афсарони тоҷик нақши фаъол доштааст. Ӯ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар шароити муборизаи муштарак бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид кард ва гуфт, баргузории размоиши муштараки нирӯҳои Тоҷикистон ва Фаронса дар ду моҳи гузашта намунае аз омодагӣ ва тамоили кишвараш барои рушди ҳамкориҳост.
Вазири дифои Фаронса гуфт, зимни мулоқот бо вазири дифои Тоҷикистон аз натоиҷи ҳамкориҳои дуҷониба ва хусусан муборизаи муштарак бо терроризм ва саҳми Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Фаронса танҳо баъди таъсиси Эътилофи байналмилалии зидди террористӣ ва оғози амалиёти ин эътилоф дар Афғонистон дар соли 2001 оғоз шуд. Фаронса танҳо кишвари ғарбии узви ин эътилоф аст, ки дар Тоҷикистон сарбозони худро мустақар карда ва инчунин нирӯҳои худ дар Афғонистонро, ки дар ҳайъати қувваҳои кӯмак ба таъмини амният дар ин кишвар ифои вазифа мекунанд, низ аз тариқи Тоҷикистон икмол мекунад.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG