Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин Осиёи Марказиро аз они худ мекунад?


Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе Масоили ҳамкориҳои низомӣ, тақвияти нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ дар мулоқоти Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон бо Владимир Болдирев фармондеҳи ҳавзаи низомии Урали Русия дар Душанбе баррасӣ шудааст. Владимир Болдирев, ки тоза ба ин мақом таъйин шудааст, ҳамчунин бо ҳайъати шахсии фирқаи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон яке аз ҷузву томҳои ҳавзаи уралии нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар мулоқотҳо доир кардааст.

Мулоқоти вазири дифоъи Тоҷикистон бо мақоми масъули нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҳоле сурат мегирад, ки коршиносон аз тақвияти ҳузури Чин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд. Ба гуфтаи коршиносони тоҷик миёни Русия ва Чин ҷиҳати тақвияти ҳузур ва нуфуз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ихтилофот дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад. Вале меафзоянд ин коршиносон, Чин бо истифода аз тавонмандӣ ва иқтидори иқтисодиаш аз як сӯ ва аз сӯи дигар ба далели мушкилоти демографии мавҷуд дар ин кишвар ба рақиби ҷиддӣ ва ҷадиди Русия дар Осиёи Маркази ва ба вижа дар Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.
Исмоил Раҳматов коршиноси тоҷик мӯътақид аст, Русия ва Чин, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ равобити таърихӣ доштаанд, аз ин қаламрав ҳамчун минтақаи манофеи муҳими ҳаёти хеш дар оянда истифода кардан мехоҳанд: "Солҳои ахир дида истодаем, ки ба ин минтақа ҷумҳурии мардумии Чин сар даровардааст. Ва дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай онҳо бо кишварҳои минтақа ва аз ҷумла бо Русия ҳамкорихои зиёд мекунад. Мавқеи Чин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ тақвият меёбад ва ин барои Русия албатта мувофиқ ва дилхоҳ нест. Масалан кушодашавии роҳхи Қулма то Қароқурум албатта боиси кам шудани муносибатҳои сиёсӣ ва тиҷоратии байни Тоҷикистону Русия шуданаш мумкин аст."
Исмоил Раҳматов мӯътақид аст, ки дар як соли пеш дар ихтиёри Чин қарор додани бештар аз 1000 километри қаламрави вилояти мухтори Бадахшон ва сарфи назар кардан аз назорат ва ҳимояти хатти марзи миёни ин кишвар бо Чин, тавассути нирӯҳои марзбонии Русия нишонаҳои тақвияти ҳузури Чин дар Тоҷикистон мебошад.
Коршиноси дигари тоҷик Фаррух Умаров - корманди Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон низ бар ин бовар аст, ки миёни Чин ва Русия талошҳо ҷиҳати тақвияти ҳузур ва таҳкими нуфуз дар минтақаи Осиёи Марказӣ тадриҷан амиқтар мешавад.
Аммо меафзояд оқои Умаров, ин рақобат усулан дар заминаи иқтисодӣ зуҳур хоҳад кард: "Албатта рақобат байни Чин ва Русия вуҷуд дорад. Аммо ин рақобати мусолиматомез аст. Агар ҳадафи Русия Чин бошад ва агар ин кор бо воситаҳои иқтисодӣ сурат бигирад, ин гуна имконият вуҷуд дорад. Яъне танг кардани Русия дар Осиёи Марказӣ."
Фаррух Умаров - корманди Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон афзуд, рақобати Русия ва Чин барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳеҷ сурат дар заминаи низомӣ буруз нахоҳад кард. Ба назари оқои Умаров, ин кишварҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз густариш ва таҳкими мавқеи кишварҳои ғарбӣ ва аз ҷумла Амрико дар ин қора ва ҳамчунин мавҷудияти мушкилоти мушобеҳи дохилӣ, ба мисли ҷудоихоҳии мазҳабӣ дар муқобили ҳам қарор нахоҳанд гирифт: "Русия ҳам яке аз омилҳои нигохдорандаи экстремизми уйғурӣ дар худи Чин аст. Яъне дар сурати танг кардани Русия, ин кишвар метавонад, омили экстремизми уйғуриро дар дохили Чин мавриди истифода қарор диҳад, бо истифода аз кишварҳои Осиёи Марказӣ. Аз ин хотир, ман гумон надорам, ки ҳадафи Чин танг кардани нуфузи Русия бошад."
Ва аммо Қосимшо Искандаров - мудири Маркази низоъшиносии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд дар баробари кишварҳои абарқудрат, аз ҷумла Чин, Русия ва ё кишварҳои ғарбӣ аз роҳе ва аз сиёсате кор бигирад, ки манофеи миллӣ ҳифз шавад.
Ба ақидаи оқои Искандаров узвияти Точикистон ва ё таваҷҷӯҳи он ба ин ва ё он созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба манзури риояти ҳамин сиёсат аст:
"Тамоми кишварҳое, ки шомили Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд, камокон бо НАТО ҳам ҳамкорӣ доранд. Фақат гап дар он аст, ки дар он созмоне, ки Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва ё шомил мешавад, бояд ба муқобили дигар кишварҳо ва ё дигар созмонҳои ҷаҳонӣ равона нашуда бошад"
Аммо Исмоил Раҳматов коршиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳоле, ки Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламраваш шиносномаи хориҷӣ тақозо дорад, тоҷирони чиноӣ аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардаанд, ки дар амри равуои шаҳрвандони ҳарду кишвар ва сабукиҳо барои дарёфти раводид мусоидат кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки сарнавишти таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то ҳоли ҳозир ҳалношуда боқӣ монда, вале Чин ҷиҳати бунёди меҳмонсарои панҷситорадор ва як бозори амволу колои тавлидоти ин кишвар дар пойтахти Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG