Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳиндустонро ба Тоҷикистон оварданд


Ҷавондухтарони ҳиндӣ сарии арӯсӣ ба бар кардаанд ва сарии онҳо бо зару зевар музайян аст. Чеҳраи зебои арӯсони ҳиндиро рангу бор боз ҳам зеботар кардааст ва аммо чӣ тарзи ороиши чеҳраву мӯи сар ва ҳам либосҳои арӯсии ҳар як духтари ҳиндӣ аз дигараш фарқ мекунад. Ҳамаи ин лӯхтакҳои арӯсони вилоёти гуногуни Ҳиндустон мебошад, ки дар намоишгоҳи ҳунарҳои дастии мардуми Ҳинд дар осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ба маъраз гузошта шудааст. Лӯхтакҳои арӯсони ҳиндӣ аз беҳтарину зеботарин ва ҷолибтарин нигораҳои намоишгоҳ мебошанд. Ҳамин гуна нигораҳои ҷолибу қашанг дар намоишгоҳ зиёданд ва баробари вуруд ба намоишгоҳ чашми бинанда аввал ба олиҳаҳои ҳиндӣ мерасад, ки аз биринҷӣ сохта шудаанд.
Вираҷ Сингҳ - атташеи фарҳангии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва роҳбалади хабарнигори Радиои Озодӣ дар намоишгоҳ моро бо ин олиҳаҳо шинос менамояд:
«Ин Лакшмӣ аст, Лакшмӣ олиҳаест муваззаф барои беҳбудии молии мард. Ин Парватӣ аст, Парватӣ зани Шива аст, Шива яке аз се худои бузурги ҳиндуён аст.»
Назди ҳайкалчаҳои олиҳаҳои ҳиндӣ чароғҳо гузошта шудааст ва ба гуфти ҷаноби Сингҳ, ин чароғҳоро ҳиндуҳо дар ҷашнҳои худ маъмулан бо равғани чарм фурӯзон мекунанд. Дар мизи дигарӣ сандуқчаҳои хурд гузошта шудааст. Ин сандуқчаҳо аз коғаз сохта шудаанд ва хеле сабук ҳастанд ва аммо ончунон сахте будаанд, ки на нерӯи дастони Вираҷ Сингҳ ва на хабарнигори Радиои Озодӣ барои шикастани онҳо нарасид. Намунаи Тоҷмаҳал, асбобҳои мусиқии суннатии ҳиндӣ ба мисоли таблаву сетор низ ба намоиш гузошта шудааст. Мегузарем ба ҳуҷраи дуввуми намоишгоҳ:
«Дар ин ҷуҳра либосҳои суннатии мардуми Ҳиндустон аз 14 устони мухталиф мебошад.»
Бар иловаи либоси оддии мардуми манотиқи мухталифи Ҳиндустон, ҳамчунин либосҳои суннатии арӯсҳои ҳиндӣ ба намоиш гузошта шудааст. Либосҳои арӯсӣ низ дар ҳар маҳали Ҳиндустон тафовут доштаанд. Аммо як умумият дар он аст, ки қариб аксари арӯсон сарӣ ба тан кардаанд. Вираҷ Сингҳ мегӯяд, зиннати сарии арӯси ҳар як маҳал дигаргуна аст:
«Сарӣ як аст. Аммо гулҳои он, ранги он, ягон чизи дигари он фарқ дорад. Тарзи пӯшидани сарӣ низ фарқ дорад. Инҳоро бубинед, яке болои сараш сариро гузаронидааст, дигаре чизе накардааст, саввумӣ низ сарашро напӯшонидааст.»
Ҳатто либосҳои арӯсии як вилоят низ аз ҳамдигар фарқ дорад:
«Ин ду лӯхтак аз як вилоят, вилояти Андра - Прадеш ҳастанд. Ин арӯси мусалмон аст, ин арӯси Ҳинд аз ҳамон вилоят. Либосҳоро бубинед, ин яке шалвору камиз мепӯшад, ин дигарӣ сарӣ мепӯшад.»
Сариҳои арӯсии ҳиндӣ вобаста ба зебу зиннатҳояш аз шаст доллар то чаҳор ҳазор доллар арзиш доштааст. Ҷаноби Вираҷ Сингҳ мегӯяд, дӯстдорони тоҷики санъат ва фарҳанги ҳинд дар ин намоишгоҳ бисёр чизҳои барои худ навро мебинанд, зеро одатан филмҳои ҳиндӣ, ки баёнгарии аслии фарҳанги ин мардум ба хориҷиён маҳсуб мегардад, на ҳама нукоти нозуки зиндагии мардуми ин кишвари афсонавиро инъикос мекардааст. Аммо дар намоишгоҳ ҳамчунин тасвирҳои миниотюрӣ аз лаҳазоти таърихи Ҳиндустон, аз қарни 16 то 19, давраи салтанати бобуриҳо дар Ҳиндустон ба маъраз гузошта шудааст. Зери ин тасвирҳо ҳама исмҳои тоҷикӣ- форсӣ навишта шудааст ва Ҳабибулло Раҷабов - мудири кафедраи забон ва адабиёти ҳиндии Донишгоҳи даввлатии миллии Тоҷикистон мегӯяд, миёни урфу одат, санъат ва ҳунари дастии мардуми ҳинду тоҷик умумияти зиёде дида мешавад:
«Масалан, баъзе асбобҳои мусиқӣ, номҳои онҳо. Асбобҳое, ки ҳунари даст аст, асбобҳое, ки аз кулол сохта мешавад. Агар ҷаҳони маънавии мардуми ҳинду тоҷик ба ҳамдигар наздикӣ намедошт, ҳамин чизҳоро мо зуд ба худ наздик ҳис намекардем.»
Гулчеҳра Нӯъмонова - мудири Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод бар ин назар аст, ки маҳз ин умумиятҳо ва муҳаббати беандозаи мардуми тоҷик ба санъати Ҳиндустон метавонад бинандагони зиёдеро ба намоишгоҳ ҷалб намояд:
«Санъати Ҳиндустонро мардуми мо хеле меписандад, дӯст медорад, ҳам филмҳои онҳоро, санъати рақсашонро ва овозхонии онҳоро. Барои ҳамин, ба фикри ман, танҳо шунидани он ки дар осорхонаи миллӣ намоишгоҳи Ҳиндустон ташкил шудааст, ин аллакай бисёр тамошобинонро ба осорхонаи мо меорад.»
Дар намоишгоҳ ҳудуди чиҳил лӯхтак, беш аз бист тасвири миниотюрӣ ва чанд ҳайкали олиҳаву асбобҳои мусиқии ҳиндӣ ба маъраз гузошта шудааст. Намоишгоҳи нигораҳои ҳиндӣ дар Осорхонаи ба номи Беҳзод то даҳуми сентябр идома меёбад ва дар назар аст, он дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон низ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG