Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нави таҳсили қариб 2 миллион хонандаи тоҷик


Соли нави таҳсил дар макотиби Тоҷикистонро оғоз шуд ва 1 сентябр ҳудуди 1 миллиону 800 ҳазор нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ин кишвар паси мизи дабистонҳо нишастанд. Рӯзе қабл Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури ин кишвар зимни сафар ба шаҳри Кӯлоб, ки дар арафаи соли нави хониши мактабиён ба вуқӯъ пайваст, дари ду дабистони навро боз кард ва кулли кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистонро ба шурӯъи соли нави таҳсил муборак гуфт:
"Тамоми кормандони соҳаи маорифи халқи мамлакатамон, аз ҷумла омӯзгорону мактаббачагонро ба муносибати фаро расидани соли таҳсили нав, табрик мегӯям."
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ҳангоми суханронӣ таъкид доштааст, ки масъулони соҳаи маориф хонандагони макотиби кишварро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд. Талош кунанд, то ки муҳассилин дар дабистонҳо аз илми компютер ва дониши забонҳои русиву англисӣ ба қадри кофӣ бархурдор шаванд.
Ҷалол Розиқов, сарвари мактаби таҳсилоти умумии рақами 60-и Душанбе гуфт, саъй доранд, ки сатҳи дониши шогирдони мо мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бошад: "Ба ҳамин душворӣ нигоҳ накарда, ҳукумат талош дорад, ки марҳила ба марҳила сатҳи зиндагии омӯзгорон, ё кормандони тиб, умуман кормандони буҷетиро беҳтар намояд. Ман шахсан шикояте надорам."
Аммо оқои Розиқов бо таассуф мегӯяд, дониши омӯзгороне, ки баъд аз хатми макотиби олӣ ба таълими мактаббачаҳо шурӯъ мекунанд, ба таври намоён коҳиш дорад ва ҳамзамон моро зарур аст, дар тарбияи онҳо низ бошем.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи сентяри соли ҷорӣ маоши муаллимонро 25 дар сад афзоиш дод. Ҳамзамон дар асоси ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон сарборӣ, ё ставкаи омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумии ин кишвар зиёд гардида ва чанд фанни таълимӣ дар ин макотиб ихтисор, ё ба шумури дигар ихтисос ворид карда шуд. Дар ҳамин ҳол Мухтор Қурбонов, омӯзгори фанни математикаи як мактаби Душанбе мегӯяд, пас аз мавриди амал қарор гирифтани ин тасмимоти ҳукумат устодони макотиби Тоҷикистон дар як моҳ ҳудуди 27 сомонӣ, ё 9 доллар ҳаққулзаҳмат хоҳанд гирифт.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG