Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии СPJ аз вазъи матбуот дар Тоҷикистон


Кумитаи байналмилалии ҳимоят аз хабарнигорон дар номаи хеш ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфтааст, ин созмон аз маъракаи шиддатёбандаи фишор ва таҳдид ба хабарнигорони мустақил дар Тоҷикистон амиқан нигарон аст. Ин иқдомот ба гуфтаи созмони мазкур дар оянда имконоти матбуотро маҳдудтар мекунад ва ин дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон дар остонаи интихоботи парлумонӣ ба матбуоти озод бештар ниёз доранд.
- Кумитаи байналмилалии ҳимоят аз хабарнигорон (Committee to Protect Journalists) бо такя ба суханони сардабирони баъзе рӯзномаҳои мустақил иддао мекунад, ки он рӯзномаҳо пас аз интиқод аз раиси ҷумҳур мавриди таҳдид ва рӯзноманигорон мавриди зарбу шат қарор гирифтаанд. Созмони мазкур бо хитоб ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон идома медиҳад: "Мо аз он нигаронем, ки шумо натавонистед, мақомоти давлатиро аз ҳамла ба журналистон манъ кунед ва ё тазмин диҳед, ки полис ва додситонҳо афродеро, ки ба хабарнигорон ҳамла кардаанд ба ҷавобгарӣ кашанд. Аз нашр бозмондани "Рӯзи Нав" мояи нигаронии амиқ аст, ин нашрия аз замони оғози нашраш дар августи соли 2003 фишори фазояндаи мақомотро муттаҳамил шудааст."
- Дар идомаи номаи хеш Кумитаи байналмилалии ҳимоят аз хабарнигорон аз достони баста шудани матбааи "Ҷиёнхон", ва аз нашр бозмондани рӯзномаҳои "Рӯзи Нав" ва "Нерӯи Сухан" ёдовар шуда, ҳамчунин навиштааст: "Дар сатҳҳои муайяни давлатӣ, мақомоти баландпоя мустақиман ба "Рӯзи Нав" таҳдид кардаанд. Бистунӯҳуми декабри соли 2003-ум Додситонии Кулли Тоҷикистон бо ирсоли номае ба ҳафтанома дастур додааст, ки шараф ва эътибори Ҷаноби Олӣ ва ҳукумати ӯро паст назананд ва таҳдид кардааст, ки дар сурати иҷро нашудани дастур ҳафтанома баста хоҳад шуд. Мақомот ҳамчунин пас аз мусоҳибаҳо бо раҳбарони мухолифини ҳукумат ва нашри номаҳои интиқодии хонандагон доир ба Ҷаноби Олӣ ба "Рӯзи Нав" ҳушдори расмӣ додаанд."
- Созмони мазкур дар номаи хеш ҳамчунин аз қазияи рӯзноманигори "Рӯзи Нав" Мавлуда Султонзода мутазаккир шуда, аз қавли ҳамин хабарнигор навиштааст ӯ ва оилааш ҳанӯз аз моҳи ноябр таҳдид шунидаанд. Дар идомаи номаи Кумитаи байналмилалии ҳимоят аз хабарнигорон мехонем: "Таҳдидҳои зиёд авоили моҳи август баъди нашри мақолаи Мавлуда Султонзода доир ба Ҷаноби Олӣ таҳти унвони "Раҳмонов кист?" сурат гирифтаанд. Ин мақола дастовардҳои шумо дар замони ҳукуматдориатонро зери суол бурда ва адами шафофият дар сиёсати шуморо танқид кардааст.
- Созмон бо хитоб ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин меафзояд: "Гузоришҳо доир ба дигар нашрияҳо ва хабарнигорони мустақил низ моро амиқан нигарон кардааст. Ҳафтаномаи мустақили "Нерӯи Сухан", ки доир ба фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ҳукумат мақолаҳои интиқодӣ навиштааст, пайваста мавриди фишор қарор гирифтааст. Доир ба таҳдиди ҳукумат ба Додоҷон Атовуллоев хабарнигори табъидии тоҷик низ гузориш шудааст. Пас аз фирор дар соли 1992 аз Тоҷикистон ӯ охири моҳи июн ба Душанбе баргашт вале чаҳор рӯз баъд маҷбур ба тарки ватан шуд."
- Кумитаи байналмилалии ҳимоят аз хабарнигорон дар идомаи нома қазияи нашрияи "Чароғи Рӯз"-ро ёдовар мешавад ва бо муроҷиат ба Эмомалӣ Раҳмонов мегӯяд:
"Бо назардошти ин ҳама иқдомоти саркӯбгарона, ин як маъракаи фарогир барои хомуш кардани танқидҳо доир ба Ҷаноби Олӣ, ҳизби ҳокими шумо ва ҳампаймонҳои парлумонии он дар арафаи интихоботи парлумонии моҳи февралии соли 2005 мебошад. Бархе аз хабарнигорон ин таҳдиду фишорҳоро ба Консепсияи амниятии иттилоотӣ медонанд, ки шумо моҳи ноябр имзо кардед."
Муаллифи номаи мазкур аз хабарнигорони қурбоншуда дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар шуда, гуфтааст, солҳои 1992-1997 бисту нӯҳ хабарнигор бинобар фаъолияти кории худ кушта шудаанд ва то кунун хабарнигорони тоҷик бо тарс фаъолият мебаранд. Маъракаи идомадори таъқиби хабарнигорон таввасути мақомоти ҳукуматӣ ва афроди дигар эҳсоси тарс дар дили хабарнигоронро, ки солҳои тӯлонӣ вуҷуд дошт афзоиш хоҳад дод.
- Кумитаи байналмилалии ҳимоят аз хабарнигорон ва дар хотимаи номааш аз Эмомалӣ Раҳмонов чунин даъват кардааст:
"Матбуоти аз тарс таҳти фишор қароргирифта наметавонад, талаботеро ки демокросӣ аз он тақозо мекунад, иҷро намуда, ҷомеаро дар остонаи интихоботи парлумонӣ огоҳ созад. Бад ин далел мо аз шумо даъват мекунем, ки мансабдорони давлатиро, ки хабарнигоронро азият мекунанд аз вазифа барканор намоед ва тазмин диҳед, ки полис ва додситонҳо ба таври ҷиддӣ мавориди азият ва ҳамла ба хабарнигорон таҳқиқ карда ва омилони онро ба пойи мизи муҳокима бикашонанд."
Тоҳири Сафар
XS
SM
MD
LG