Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеҳраи ҳафта: "Рӯзномаҳои лаббаста"


Раҳматкарими Давлат аз Душанбе

Севвумин ҳафтаи пайдарпай аст, ки чаҳор нашрияи ғайриҳукуматии Тоҷикистон «Нерӯи Сухан», «Рӯзи Нав», «Одаму Олам» ва органи нашаротии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «Наҷот» руйи чопро намебинад. Ба гуфтаи масъулини ин нашрияҳо тамоми чопхонаҳои Душанбе аз нашри ин рӯзномаҳо худдорӣ кардааст. Ҳамаи ин нашрияҳо дар як чопхонаи хусусие бо номи «Ҷиёнхон» мунташир мешуд ва замоне, ки ходимони полиси андоз мавриди бештар аз теъдоди муҷоз ва эълоншуда нашр гаштани яке аз ин ҳафтаномаҳоро ошкор карданд, ҳам нашрия ва ҳам чопхонаро дар нақзи Қонуни молиёт муттаҳам дониста ва дари чопхонаро бастанд. Ва ба ин тартиб се рӯзномаи дигар низ аз имкони нашр маҳрум шуд.
Аммо Ҳусейн Оқилов - сардори раёсати пулиси андози вазорати воридоту пардохти Тоҷикистон, ки дар мавриди ин қазия бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт: «Ман тааҷҷуб мекунам, ки мо дар ҷараёни ин амалиёт чандин мавриди қонунвайронкунии корхонаҳоро муайян кардем, вале шумо танҳо дар бораи «Нерӯи Сухан» ва чопхонаи «Ҷиёнхон» суол мекунед. Шумо гумон мекунед, ки агар гап дар сари бастани чопхона ва рӯзнома рафт, пас ҳатман бояд ангезаи сиёсӣ дошта бошад ва ба қазия дарҳол ҷомаи сиёсӣ мепӯшонед. Ин тавр нест, мо танҳо вазифаи касбии худро анҷом додаем.»
Мухтор Боқизода сардабири «Нерӯи Сухан» низ мегӯяд, кам зикр шудани теъдоди шумораи рӯзнома як иштибоҳи фаннӣ будааст. Дар ҳоле, ки Ғанимат Шарифов - сардори раёсати фаврии полиси андози Тоҷикистон ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, дар аснод ва дархости идораи нашрияи «Нерӯи Сухан» низ теъдоди камтар аз шумораи нашршуда нишон дода шудааст. Аз ҷумла ба гуфтаи ӯ, ин ҳафтанома аз теъдоди муҷоз чаҳор ҳазор бештар нашр шудааст: "Теъдоди чоп дар худи ҳафтанома ду ҳазору ҳафтсад нишон дода шудааст." Ба ҳамин тартиб ба иддаои мақомоти полиси андоз пинҳон кардани ойидот ва нақзи Қонуни молиёт аз аз як сӯ ва аз суйи дигар ба назари коршинсон, нашри матолиби бидуни санад ва манбаъ ва тундбаёнии ин ҳафтаномаҳо баҳонае ба дасти мақомот додааст, то фишоре болои ин рӯзномаҳо эъмол шавад.
Вале дар ҳар сурат нашр нагаштани ин рӯзномаҳо, ҳоло бо ҳар баҳонае, вокуниши созмонҳо ва кишварҳоро низ ба дунбол доштааст. Аз ҷумла сафирони чанд кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон низ ба дунболи ин қазия аз мақомот хостанд, то имкони нашри ин рӯзномаҳоро дубора фароҳам кунад. Ричард Ҳоугленд - сафири Амрико дар Душанбе дар сӯҳбате, ки хабарнигорон дошт, гуфт, масъалаи марбут ба озодии матбуот ва адами имкони чопи нашрияҳо яке аз мавзӯҳои мулоқоти қарибулвуқӯъи вай бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон хоҳад буд.
Вале ҳатто пуштибонии сафирони кишиварҳо низ ба умедвории Раҷаби Мирзо - сардабири нашрияи «Рузи нав» ро барои аз сар гирифтани нашри рўзнома наафзудааст: "Мо ҳатто шумораи ками махсусе, ки баровардем, хадамоти амният ҳамонро ҷамъ карда мегиранд, яъне ба мо имконият намедиҳанд, ки ҳатто дар бораи чопи нашрия фикр кунем. Барои ҳамин ҳозир мо чизи мушаххасе гуфта наметавонем, ки ба чӣ умед бастан мумкин аст."
Ба ҳамин тартиб бархе нашрияҳо дар ҳоле муттаҳам ба нақзи Қонуни андоз мешаванд, ки идораи яке дигар аз нашрияҳои дучори мушкилшуда бо номи "Одаму Олам" мавриди бозрасии кормандони додситонӣ қарор гирифта ва ба гуфтаи сардабир он дар ҳамкорӣ бо генерали боздоштшуда Ғаффор Мирзоев гумонбар мешавад.
XS
SM
MD
LG