Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори вазири хориҷаи Ҷопон аз Душанбе


Ёрико Кавагучӣ - вазири умури хориҷаи Ҷопон бо Эмомалӣ Раҳмонов - раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи душанбе мулоқот ва масоили мавриди алоқаи ду ҷонибро баррасӣ кардаанд. Зимни ин мулоқот аз ҷумла масоили вобаста густариши ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба дар заминаҳои мухталиф ва масоили амниятии минтақа ва авзои Афғонистон мавриди баҳс ва гуфтӯгу қарор гирифтааст.
Ёрико Кавагучӣ баъди мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз дидор бо хабарнигорон худдорӣ кард. Аммо дар иттилоияи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, дар ин мулоқот аз ҷумла ба кӯмакҳои билоивази кишвари Ҷопон таъкид ва аз ин иқдом қадрдонӣ шудааст.
Кишвари Ҷопон то кунун тибқи барномаи кӯмакҳои бебозгашт ва ё билоиваз дар бахшҳои беҳдоштӣ, маориф, ҳифзи муҳити зист, обрасонӣ ва саноеъи сабук дар Тоҷикистон чандин миллион доллар кӯмаки молӣ қарор додааст. Аммо сармоягузории мустақими Ҷопон дар иқтисоди Тоҷикистон то ҳол сурат нагирифтааст. Талбак Назаров вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд: "Мо дар ҳоли ҳозир ба кӯмак барои рушди иқтисодӣ кишвар ниёз дорем. Ва хуб мебуд, агар Ҷопон аз барномаи расонидани кӯмаки башардӯстона гузашта ва дар ҷиҳати кӯмак барои рушди иқтисоди Тоҷикистон, масалан барои ҳамкорӣ дар заминаи саноат ва энержӣ кишоварзӣ иқдом намояд."
Аммо Ҳансуҳиса Такашимо - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷопон дар мавриди иллати то кунун сурат нагирифтани сармоягузории кишвараш дар иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд: "То ҳанӯз дар зеҳни соҳибкорони ҷопонӣ таассуроти даҳшатноки ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Бинобар ин онҳо ҳозир нестанд, ки дар шароити феълӣ дар иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Аммо як ҳадафи сафари мо низ ин аст, ки соҳибкорони худро мутақоид созем, ки дар Тоҷикистон вазъи мусоид барои сармоягузорӣ мавҷуд аст, аз ҷумла аз нигоҳи қонунгузорӣ."
Дар мулоқотҳои вазири умури хориҷаи Ҷопон бо мақомоти Тоҷикистон инчунин авзои амниятии минтақа ва ба сурати хос вазъи Афғонистон дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурии он кишвар баррасӣ шудааст. Дар ин мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки бояд интихоботи қарибулвуқӯъи Афғонистон тавозуни ба даст омадаи манофеи гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ дар он кишвар ва раванди сулҳро таҳким бахшад. Инчунин як ҳадафи дигар аз сафари ҳайъати Ҷопон касби пуштибонии кишварҳои Осиёи Миёна дар ҷиҳати узви доимии Шӯрои Амнияти СММ шудани Ҷопон мебошад. Гуфта мешавад, бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон аз ин пешниҳод пуштибонӣ кардааст.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG