Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои бузурги рассомони хурдсоли тоҷик


Ин тасвири расми Салтанат Саидова - рассомдухтари ҷавони тоҷик аст, ки барандаи як озмуни байналмилалии расмҳо дар шаҳри Трояи Фаронса гардид. Дар ин озмун ҳамчунин як расми дастаҷамъонаи тифлони Маркази зебоишиносии Душанбе низ пирӯз шуд.
Мунзифа Бобоҷонова - раҳбари Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ба Радиои Озодӣ гуфт, озмун «Калон ва Хурд: Ту онро чӣ гуна тасаввур мекунӣ?» ном дошта, ба он аз тамоми дунё бештар аз 6.000 расм фиристода шуда будааст. Салтанат Саидова - яке аз ғолибони озмун дар миёни мусаввирҳои аз 18 то 25 сола мегӯяд, ба озмун се расми худро ирсол намуда буд, вале ҳеҷ боварӣ надошт, ки маҳсули дастон ва эҷоди тахайюли ӯ пирӯз мегардад: «Мусаввараҳои ман, яке гардиши замин ном дошт, ки дар он манн заминро тасвир кардам, дигаре ҷавонӣ,яъне ман дар он духтаракеро тасвир кардам дар деҳа, чун ман ҳам дар деҳа таваллуд шудаам, дар расми дигари худ мардеро тасвир кардам, ки аз зиндагии пурпечу тоб ва харҷу мараҷ дар ҳайрат аст, вале ба ояндаи нек боварӣ дорад.»
Барандаи дигари озмун аз Тоҷикистон як расми дастаҷамъонаи гурӯҳи тифлони чаҳорсолаи маркази эстетикии Душанбе мебошад, ки миёни мусаввирҳои хурдсоли аз се то панҷсола ҷоиза гирифтааст. Тамара Мирова - мудири ин марказ расми шогирдони худро чунин тавсиф менамояд: «Дар ин расм нигоҳи ин кӯдакон ба фарқ байни «калон ва хурд» мунъакис гардидааст. Дар назари яке, модар калон аст ва духтарча хурд, дигаре фарқи калон аз хурдро дар дарахти бузург ва одами хурд дидааст, саввумӣ шапалаки хурд ва духтарчаи калонро тасвир кардааст. Хуллас, ин як мусаввараи музайян бо нигоришоти рангоранг мебошад, дар он ҳам тиру камон тасвир шудааст ва ҳам офтоб, ҳам гул ва ҳам тифлон....Умуман, муқоисаи ашё аст, хурд, калон, хурд, калон....»
Хонум Мирова афзуд, суратҳои кашидаи тифлони марказ ҳамчунин дар як осорхонаи эҷодиёти атфол дар Анқараи Туркия ба маъраз гузошта шудааст. Ва аммо дар маросими ҷоизасупорӣ дар Фаронса нафаре аз барандагони озмун аз Тоҷикистон бо иллати адами имкони молӣ ширкат карда натавонист.
XS
SM
MD
LG