Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба Додгоҳи Гаага, даъватнома ба вазорати амният


Раиси ҳизби сабти номнашудаи "Тараққиёт" Султон Қувват 28 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки ахиран кормандони вазорати амнияти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муовини аввали ӯ Рустам Файзиевро боздошт кардаанд. Султон Қувват гуфт, ба дунболи боздошт, ки ҳамзамон бо кофтукови ду рӯз қабли дафтари марказии ҳизби "Тараққиёт" иттифоқ афтодааст.
Рустам Файзиев аз Хуҷанд ба Душанбе интиқол дода шуда, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи вазорати амнияти Тоҷикистон ба сар мебарад. Раҳбари ҳизби "Тараққиёт" гуфт, дар робита ба боздошти муовинаш дирӯз 27 август ба вазорати амнияти Тоҷикистон даъват шуда буд ва пас аз сӯҳбат бо муовини вазири амнияти Тоҷикистон ӯ ҳамчунин дар боздоштгоҳи вазорати амният мулоқоти кӯтоҳе низ бо Рустам Файзиев доштааст: "Боздошти Рустам Файзиев дар хонааш дар шаҳри Хуҷанд буд. Ӯро ман рӯзи 27 ман дар вазорати амният вохӯрдам, тахминан ним дақиқа. Пурсидам, ки ин ҳуҷҷатҳоро кӣ фиристодааст. Вай гуфт, ман нафиристодам. Мо ҳамин қадар сӯҳбат кардем."
Ба гуфтаи Султон Қувват, мақомоти амнияти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо ӯ далели боздошти муовини раиси ҳизби "Тараққиёт"-ро ирсоли номаи шикоятии ин ҳизб бо имзои Рустам Файзиев унвонии Додгоҳи Байналмилалии Гаага тавзеҳ доданд.
Аммо Султон Қувват гуфт, як чунин нома аз 3 моҳ қабл таҳия шуда буд, вале он на бо имзои муовинаш ва на бо имзои ӯ унвонии созмонҳои байналмилалӣ фиристода нашудааст: "Маслиҳати мо дар ҳақиқат буд, ки мо дар оянда ба Суди Гаага доданӣ будем, дар ҳолате, ки аз ҳамаи зинаҳои ҷумҳурӣ гузарем, онҳоро огоҳ кунем, ки вақте дар Тоҷикистон қонун ҳукмфармо нест, ҳукмфармо аст, мо дар он ҳол ман шахсан гуфта будам, ки ба Суди Гаага муроҷиат мекунам."
Дар мақомоти ҳизби "Тараққиёт" мегӯянд, сарфи назар аз ҳаводиси боздошту бозҷӯиҳои ахир аз нав асноди заруриро барои ба қайд гирифтани ин ҳизб ба вазорати адлияи Тоҷикистон пешниҳод намудаанд ва интизор доранд, пас аз як ҳафта посухи вазорати адлияро дарёфт намоянд.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG