Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабири "Одаму Олам" "меҳмони" додситонӣ шуд


Ходимони додситонии Тоҷикистон идораи ҳафтаномаи «Одаму Олам» ро мавриди бозҷӯӣ қарор дода ва ба гуфтаи сардабири он бархе маводи чопӣ ва васоили техникии онро бо худ бурдаанд. Мираҳмади Амришоҳ - муассис ва сардабири ин нашрия мегӯяд, ҳамчунин худи ӯ низ ба додситонии низомӣ даъват ва бозпурсӣ шудааст.
Вай мегӯяд, ҳадаф аз ин бозҷӯӣ ва даъвати ӯ ба идораи додситонӣ мушаххас намудани аҳдофи равобит ва ҳамкории ӯ бо генерал Ғаффор Мирзоев будааст, ки ҳамакнун дар боздошт ба сар мебарад: "Аз рӯи мушоҳидаҳо сабаб ҳамкориҳои собиқи ман бо фармондеҳи собиқи Гвардияи президент Ғаффор Мирзоев аст. Маводи корие, ки дар компютер истифода мешуд, дискетаҳову касеттаҳо, варақҳо, мактубҳои редаксияро бурданд ва боз такроран гашта омада, китобҳои ман, ки аз ҷониби нашриётҳои давлатӣ ҳанӯз се-чор, шаш сол муқаддам чоп шуда буданд, ки 1000 дона камтар доштам, ҳамонҳоро гирифта ба прокуратураи ҳарбӣ бурданд."
Мираҳамади Амиршоҳ - рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик дар замони фармондеҳии генерал Мирзоев ба Горди раёсати ҷумҳурӣ масъулияти сухангуии ӯро бар ӯҳда дошт. Аммо оқои Амиршоҳ мегӯяд, қабл аз барканории Ғаффор Мирзоев аз фармондеҳии Горди раёсати ҷумҳурӣ аз масъулияти худ истеъфо дода ва ба кори ғайринизомӣ гузашта буд ва бо генерал Мирзоев ҳеҷ гуна робитаи хусусӣ ва ё кории дигаре надоштааст.
Ба гуфтаи оқои Амиршоҳ мақомоти тафтишотӣ шояд гумон доранд, ки генерал Мирзоев яке аз пуштибонони молии ҳафтаномаи «Одаму Олам» будааст. Аммо оқои Амиршоҳ инро рад мекунад: "Дар он ҷо ба ман шаҳр доданд, ки ман гӯё бо Ғаффор Мирзоев ким-чӣ гуна муносибатҳои пуливу молӣ дошта бошам. Агар мо муносибати пуливу молӣ дошта бошем, агар он бойгариҳое, ки ӯ доштааст ба ман аққалан як сарпаноҳ ҷудо мекард. Ҳоло он ки ӯ медонист, ки ман дар хонае зиндагӣ мекунам, ки ҳуҷҷат надорад."
- Яъне дар таъсиси рӯзномаи шумо Ғаффор Мирзоев саҳм надорад?
- На танҳо саҳм надорад, балки ба ман маслиҳат дод, ки ба ҳамин кор машғул нашавам. Рафта ба ҳамон телевизиони ҳукуматӣ сару кор гирам ва ҳеҷ вақт зидди гӯё ақидаҳои давру замон ягон чизе ифшо накунам ва пешниҳод накунам. Вай зидди ҳамин чиз буд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тафтишотӣ, аз ҷумла додситонии низомӣ ва вазорати дохила аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд. "Одаму Олам" як ҳафтаномаи хусусиест, ки аз Наврӯзи соли равон то кунун нашр мешавад. Вале дар ду ҳафтаи пеш матбааҳои Душанбе аз чопи ин ҳафтанома ва се нашрияи дигари ғайриҳукуматӣ худдорӣ карданд.
Раҳматкарими Давлат аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG