Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Ричард Ҳоугленд аз ҳукумати Тоҷикистон


Ричард Ҳоугленд - сафири Амрико дар Тоҷикистон зимни баргузории як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, масоили марбут ба авзоъи феълии матбуоти озод ва адами имкони нашру чопи чаҳор ҳафтаномаи ғайридавлатии ин кишвар қарор аст, дар мулоқоти қарибулвқӯъи вай бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон мавриди гуфтӯгу қарор бигирад.
Оқои Ҳоугленд гуфт, мутмаин аст, дар вокуниш ба пахши баёнияҳои ахир аз сӯи сафорати Амрико дар Душанбе ва сойир созмонҳои байналмилалӣ ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рафъи мушкилоти ба амал омада, дар заминаи чопи чаҳор ҳафтаномаи ғайридавлатӣ билохира иқдом менамояд.
Ричард Ҳоугленд дар робита ба имкони мусоидати молии сафорати Амрико барои роҳандозии як чопхонаи мустақил дар Душанбе гуфт, чунин имкон аз эҳтимол дур нест, аммо сафири Амрико афзуд ба назари вай, дар сурати анҷоми ҳамоҳангиҳои лозима агар чунин тасмим гирифта шавад, он як иқдоми муштарак бо ҳузури дигар созмонҳои байналмилалӣ хоҳад буд.
Ва аммо дар посух ба ин суол, ки бастани чопхонаи хусусии "Ҷиёнхон"- ро чӣ гуна арзёбӣ менамояд, оқои Ҳоугленд гуфт, маъмулан дар кишварҳои пешрафта ва аз ҷумла Амрико аслан тамоми нашрияву чопхонаҳо ғайридавлатианд ва кори нашру чопи тамоми нашрияҳо тавассути ҳамин чопхонаҳои шахсиву хусусӣ анҷом мегирад. Ба гуфтаи оқои Ҳоугленд, агар чопхонае дар заминаи пардохти андоз ба тахаллуф роҳ бидиҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин далел кори чопхона мутаваққиф намегардад, балки афроде, ки муртакиби тахаллуф гаштаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар ҳамин ҳол чаҳор ҳафтаномаи мутаваққифшудаи Тоҷикистон дар ҳафтаи равон низ бинобар наёфтани имкони чоп ба дасти муштариёни худ нарасиданд.
Холиқи Сангин аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG