Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили 80-солагии рӯзномаи "Овози Тоҷик"


Биступанҷуми август рӯзномаи "Овози Тоҷик" чопи Тошканд 80-сола шуд. Кормандони рӯзнома ба ин муносибат шумораи махсуси идонаро ба нашр расониданд. Дар ин шумора аз таърихи «Овози Тоҷик» ва шахсони маъруфи фарҳангӣ ёд мешавад, ки дар таъсис ва пойдор намудани ин нашрия нақши муҳим бозидаанд.
Ҳамзамон паёму шодбошиҳои аҳли фарҳанг ва сафирони як қатор кишварҳои хориҷӣ, мустақар дар Тошканд низ ба табъ расидааст.
Аз ҷумла, сафири Тоҷикистон дар Тошканд Ғуломҷон Мирзоев дар паёми шодбошии худ гуфтааст, ҷои хушнудист, ки 80 сол қабл аз ин рӯзномаи «Овози Тоҷик» ба фаъолият пардохт ва тайи ин муддат дар ташаккулу рушди ҳаёти маънавии ҳаводоронаш хидмати арзанда ва нотакроре кард. Оқои Мирзоев афзудааст, ин рӯзнома бегумон, дар ҳама давру замон дар шумораи беҳтарини пайкрасонон қарор гирифтааст.
Корманди шоистаи фарҳанги ҷумҳурии Узбакистон Мӯҳсин Умарзода ишора намудааст, азбаски «Овози Тоҷик»
ягона рӯзномаи саросарии Узбакистон ба забони тоҷикй аст, онро аз шогирди мактаб то академик мехонад. Мӯҳсин Умарзода афзудааст, аз ин рӯ набояд фаромӯш кард, ки ин рӯзнома барои миллат чӣ аҳамиятеро ба худ касб намудааст.
Ба гуфтаи масъулони гурӯҳи тадорукотии таҷлили 80-солагии таъсиси рӯзномаи «Овози Тоҷик» тантанаҳои асосӣ ба таври густарда моҳи октябри соли равон баргузор хоҳанд шуд.
Мирасрори Фарғонӣ аз шаҳри Тошканд
XS
SM
MD
LG