Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Искандаров ба додситонӣ


Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон ва раиси пешини Идораи давлатии "Тоҷикгаз" рӯзи чаҳоршанбе зарфи беш аз 8 соат ба суолоти муфаттишони додситони кулли кишвар посух гуфтааст.
Муҳаммадрузӣ Искандаров дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯро дар иртибот ба парвандаи як тан аз масъулини пешини идораи "Тоҷикгаз", ки дар боздошт ба сар мебарад, ба додситонӣ даъват кардаанд: "Саволу ҷавоб вобаста ба як парвандаи ҷиноие, ки нисбати сардори идораи таъминот ва равобити хориҷаи "Тоҷикгаз" Саидов Искандар кушода шуда, буд ва имрӯз дар маҳбас аст, вобаста ба ҳамон буд. Ҳама саволҳо вобаста ба кор буд, мушаххасан ба ҳамон парванда буд."
Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд, ба назари вай, ин иқдоми додситонӣ бояд ангезаи сиёсӣ надошта бошад. Зеро афзуд вай, тайи муддати бозпурсӣ аз ӯ ба ҳайси раиси пешини идораи "Тоҷикгаз" ва ба сифати шоҳид танҳо дар мавриди парвандаи мушахас суол кардаанд.
Муҳаммадрузӣ Искандаров гуфт, ба ҳангоми бозпурсӣ нисбати ӯ ҳеҷ гуна фишор ва зӯроварӣ аз ҷониби муфаттиш сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи оқои Искандаров, мақомоти тафтишотӣ монеъ аз сафари хориҷие, ки ӯ мехоҳад анҷом диҳад, нашудаанд, вале ҳамзамон таъкид кардаанд, ки ӯро дубора барои бозпурсӣ даъват хоҳанд кард.
Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси ҲДТ ва аз фармондеҳони аршади нерӯҳои собиқи мухолифи давлат дар якуним соли пеш ҳангоме, ки ба ҳайси раиси идораи "Тоҷикгаз" ифои вазифа мекард, ҳамроҳ бо яке аз муҳофизонаш аз ҷониби полиси шаҳри Душанбе боздошт, вале бо мусоидати раиси ҷумҳур раҳо гардида буд.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе

Вобаста

XS
SM
MD
LG