Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои СММ барои ҳифзи марзҳои Тоҷикистон


Як ҳайъати омӯзишӣ таҳти раҳбарии Ҷеймс Каллаҳан, намояндаи идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи Милали Муттаҳид дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби барномаи таҳкими назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рӯзи чоршанбе барои як дидори серӯза вориди пойтахти Тоҷикистон мешавад. Ин ҳайъат дар Душанбе бо фармондеҳии Гурӯҳи марзбонии Русия ва бо мақомоти масъули ҳифозати марзҳои Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Ношири ин хабар, ожонсии ИТАР-ТАСС мегуяд, ҳайъати СММ пеш аз расиданаш ба Душанбе бо авзоъ дар марзҳои Тоҷикистон бо Узбакистону Қирғизистон низ ошно шудааст. Ҳадафи маъмурияти ин ҳайъати СММ омӯхтани вазъ дар марзҳои Тоҷикистон бо дарназардошти барномаи хуруҷи пайдарпайи нируҳои марзбонии Русия аз ин кишвар гуфта мешавад.
Ва аммо раиси Ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Русия Виктор Черкесов рӯзи чоршанбе дар Бишкек гуфтааст, хуруҷи марзбонони рус аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон барои вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар Русия ва дар минтақа таъсири манфиеро дар пай хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни як амалиёти муштараки марзбонони рус ва мақомоти милисаи тоҷик дар як мавзеъи кӯҳистонии минтақаи Маскави марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як пинҳонгоҳи маводи мухаддир кашф ва аз ин махфигоҳ ду халтаи ҳомили 60 кило ҳероин мусодира шудааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG