Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси нахустин рӯзномаи мустақил дар Хатлон


Якуми сентябри соли равон нахустин рӯзномаи мустақили сиёсиву фарҳангӣ дар вилояти Хатлон бо унвони «Бомдод» ба нашр хоҳад расид. Абдуалӣ Тоҳиров, ёвари мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, гуфт, рӯзномаи «Бомдод» бар асоси барномаҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи созмони мазкур маблағгузорӣ мешавад. Ӯ кӯмаки молиявии ин созмон ба рӯзномаи «Бомдод»-ро ба хотири дар маъракаҳои сиёсии қарибулвӯқуи Тоҷикистон минбар пайдо кардани аҳзоби сиёсии ин кишвар ва рушди озодии сухан дар вилояти Хатлон арзёбӣ кард. Ба эътиқоди Абдуалӣ Тоиров, «Бомдод» маҳсуб ба ягон ҳизб ё мақомоти дигаре нест: "Ин дар шакли барномаи алоҳида бо маблғгузории САҲА дар Қӯрғонтеппа бояд ба нашр расад. Ин аслан рӯзномаи ягон ҳизб нест. Агар ҳамаи корҳо аз рӯи нақша анҷом бигиранд, ин як минбари озод аст, барои намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Хатлон."
Оқои Тоиров ҳамчунин афзуд, муассиси рӯзномаи «Бомдод» Толибшо Саидов, собиқ раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сардабири он Давлати Шоэътибор, як хабарнигори ин минтақа аст.
Дар ҳамин ҳол Толибшо Саидов, муассиси ин рӯзнома мегӯяд, ман ба хотири таъсиси рӯзномаи мустақили «Бомдод» вазифаи ҳизбии худро тарк гуфтам ва барои ҳамаи аҳзоби сиёсии вилоят ва минҷумла мардум минбари озоди сухан гуфтан фароҳам оварданиам.
Ӯ гуфт, рӯзнома дар вазорати адлияи кишвар расман номнавис шудааст ва ҳайъати эҷодии рӯзнома барои нашри шумораи нахустин омодагӣ мебинад: "Нахустин ва ягона рӯзномаи мустақил дар вилояти Хатлон аст. Ин минбари озод барои тамоми аҳзоби сиёсӣ, аққалиятҳои миллӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятие, ки дар вилояти Хатлон фаъолият доранд, бояд бошад."
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар остонаи интихоботи парлумонӣ ва раисиҷумҳур қарор дорад ва ҳафтаи қаблӣ се нашрияи мустақили чопи Душанбе ба иллати надоштани чопхона интишор нашудааст.
Барот Юсуфӣ аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG