Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои раҳоӣ аз бунбаст дар куҷост?


Намояндагони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар Душанбе зимни як нишаст масоили бунёди долонҳои байналмилалӣ ва роҳҳои иртиботӣ миёни ин кишварҳоро баррасӣ карданд. Абдураҳим Ашӯров - муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, фароҳам омадани шароити мусоид дар Афғонистон аз як сӯ ва аз сӯи дигар ҷорӣ кардани низоми раводид аз тарафи бархе аз кишварҳои ҳамсоя зарурати ифтитоҳи шабакаҳои ҷадиди роҳҳои иртиботиро ногузир кардааст.
Оқои Ашӯров гуфт, бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон ва кӯмаки молии созмонҳои молиявӣ ва кишварҳои кӯмакрасон тарҳи шаш пул дар фарози рӯдхонаи Панҷ таҳия шуда ва аз онҳо дутоаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.Ба гуфтаи оқои Ашӯров, анҷоми бунёди ин пулҳо ҷараёни бунёди роҳҳои иртиботӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро суръат мебахшад: "Ин роҳи транзитӣ роҳи кӯтоҳтарин мебошад ва албатта баъди ба итмом расидани сохтмони купрӯки Панҷи Поён ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ дар ин роҳ зиёд мешавад."
Дар ҳамин ҳол Аҳмад Содиқ Баноб - муовини вазир дар умури иқтисод ва ҳамлу нақли Эрон, ки сарпарастии ҳайъати давлатии ин кишварро ба ӯҳда дорад, бо ишора ба сохтмони нақби Анзоб, ки аз сӯи як ширкати эронӣ ҷараён дорад, гуфт кишвараш бо алоқамандии зиёд барои бунёди роҳҳои иртиботӣ миёни ин се кишвар ширкат хоҳад кард.
Оқои Баноб афзуд, Эрон ҷиҳати густариши ҳарчӣ бештари равобит ва тавсиаи ҳамкориҳо дар заминаи ҳамлу нақли коло бо Афғонистон ва Тоҷикистон ва бахусус тавассути қаламрави Тоҷикистон ба кишварҳои муштаракулманофеъ манфиатдор аст: "Яқинан бо такмили ин масири тронзитӣ Тоҷикистон хоҳад тавонист, ки ба унвони ҳалқаи восит дар байни кишварҳои ҷануб ва шимол дар минтақа амал бикунад. Соли ҷорӣ пружаи (лоиҳаи) бисёр муҳими 1000 километрии Машҳадро, ки 1000 километр фосилаи Бандар Аббос то шимолро коҳиш хоҳад дод, ба натиҷа хоҳем расонд ва ин аз лиҳози иқтисодӣ барои Тоҷикистон ин масир бисёр босарфа ва иқтисодӣ хоҳад буд."
Муҳаммад Яъқуб - муовини вазири фавоиди оммаи Афғонистон гуфт, ба иллати набуди роҳи мустақими баҳрӣ, роҳи оҳан ва гаронии масрафоти роҳи ҳавоӣ дар Афғонистон роҳҳои автомобилӣ танҳо роҳҳоеанд, ки Афғонистонро бо ҷаҳони хориҷ васл мекунанд. Вай афзуд, дар қаламрави Афғонистон бештар аз шаш ҳазор километр роҳи транзитӣ мавҷуд аст, ки то ҳоли ҳозир 70 фисади корҳои сохтмонӣ дар онҳо анҷом шудааст.
Оқои Яъқуб бо назардошти ин ки Афғонистон дар васати Эрон ва Тоҷикистон қарор дорад, гуфт роҳҳои кишвараш танҳо марбути Афғонистон нахоҳад буд ва ҳарчӣ бештар ба поён расидани сохтмони ҷодаҳо дар ин кишвар мушкилоти ифтитоҳи роҳҳои иртиботиро миёни ин се кишвар бартараф хоҳад кард.
Қарор аст, дар нишасти масъулини роҳу таробарии Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбе хотима меёбад, як ёддошти тафоҳум миёни ин кишварҳо ба имзо бирасад.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG