Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони айбномаи нав ба Ғаффор Мирзоев


Додситонии Тоҷикистон рӯзи душанбе расман Ғаффор Мирзоев - раиси пешини Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистонро дар тарҳрезии як силсила кушторҳо дар қаламрави ин кишвар муттаҳам кардааст. Хабаргузории "ИТАР-ТАСС" бо истинод ба баёнияи расмии Додситонии Кулли Тоҷикистон навиштааст, тафтишот собит кард, ки 8 апрели соли 1998 генерал Ғаффор Мирзоев - он замон фармондеҳи Горди президентии Тоҷикистон, сардори идораи умури дохилаи ноҳияи Шаҳринавро ғайриқонунӣ ба дафтари кории худ даъват намуда ва ӯро дар ҳамон ҷо ба қатл мерасонад. Ва 10 рӯз баъд аз ин ҳодиса бо дастури генерал Мирзоев, шариконаш раиси ҳукумати ноҳияи мазкурро мекушанд.
"ИТАР-ТАСС" менависад, Ғаффор Мирзоев ҳамчунин дар тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони яке аз сокинони Душанбе дар соли 2000-ум айбдор карда шудааст. Тибқи маълумоти муфаттишон Ғаффор Мирзоев дар маҷмӯъ дар 40 ҷиноят, ки дар солҳои мухталиф содир шудаанд, муттаҳам мешавад. Дар идомаи баёнияи Додситонии Кулли Тоҷикистон омадааст, ки чархболи муттаалиқи Ғаффор Мирзоев, ки ғайриқонунӣ ба Афғонистон иҷора дода буд, ҳамроҳ бо хадамаи он ба Тоҷикистон бозгардонида шуд. Генерали тоҷик ва яке аз онҳое, ки барои сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмонов нақш дорад, 6 августи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон боздошт шуд ва уро даҳ рӯз баъд дар нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, сӯистифода аз мансаб, саркашӣ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ва ҳамчунин убури ғайриқонунии сарҳад айбдор карданд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ вай бархе аз айбҳоро эътироф кардааст, вале вакилони мудофеъи ӯ мегӯянд, Ғаффор Мирзоев худро гунаҳкор намеҳисобад.
Тоҳири Сафар
XS
SM
MD
LG