Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чеҳраи Ҳафта: Рахнаву шикоф дар суфуфи аҳзоб


Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ), як ҳизби начандон фаъоли расмии кишвар аст, ки дар соли 1996 аз ҷониби Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи порлумони Тоҷикистон ва аз пешвоёни Фронти Халқӣ таъсис шудааст.
Бо кушта шудани Сафаралӣ Кенҷаев дар соли 1998 ин ҳизб аз ҳар ҷиҳат, ба гуфтаи масъулони он, дучори мушкил ва ихтилофи назар шудааст.
Ин ҳизб, ки ихтилофи аъзои он аз хеле замон то ин вақт оғоз шуд, акнун ба ду ҷиноҳ тақсим шудааст - яке ҷиноҳи Мирҳусайн Нарзиев ва дигаре ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев.
Ҳар кадоме аз ин ҷиноҳҳо тайи чанд ҳафтаи охир бо баргузории анҷуман ва нишастҳои хабарӣ тарафи мухолифи худро ғайриқонунӣ ва худро пешвоёни ин ҳизб эълон мекунанд. Ва умедворанд, ки вазорати додгустарӣ ё адлияи Тоҷикистон, ки масъули сабти номи аҳзоб аст, онҳоро ба расмият хоҳад шинохт.
Дар анҷумани ҷиноҳи Нарзиев, ки чанд рузи пеш ӯро дубора раис интихоб кард, Мирҳусайн Нарзиев гуфт, ин ҳизб наздик ба 15 000 узв дорад ва барои ширкат дар интихоботи ояндаи порлумонӣ омода мешавад: "Ҳамин вакилони анҷуман аз манотиқи мухталифи кишвар имрӯз сарҷамъ омаданд ва ба банда боварӣ намуда, маро раиси ҲСТ интихоб намуданд. Ин ҷудоихоҳиҳо ба таври сунъист. Ин чизҳоро ҳамон нафароне сохта истодаанд, ки ба ҲСТ умуман ягон зарра муносибат надоштанд ва барои гузоришҳое, ки онҳо дар рӯзномаҳо карданд, нисбат ба ман таҳқир буд, таҳдид буд, тӯҳмат буд, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод."
Аммо оқои Бобоев, масъули шӯъбаи назорат бар фаъолияти ойинномавии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯяд,
ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар аксари манотиқи кишвар фаъол нест: "Дар вилояти Суғд ягона ноҳияе, ки раисаш омаду мо дидем ва бо ҳамон одам гап задем, Истаравшан буд. Дигар дар ягон ноҳия мо намояндаи ташкилоти ибтидоии ҲСТ-ро надидем. Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ: Дар ягон ноҳия мо ягон намояндаи ҳизби сотсиалистиро надидем ва тамоми ҳукуматҳои ноҳияҳо ба мо мактуб додаанд, ки шумо (ҲСТ- РО) ташкилоти ибтидоӣ дар ноҳияҳо надоред. Лекин хулосаи дар оянда фаъолият кардани ҳизбро вазорати адлия медиҳад."
Вале дар рӯзи баргузории анҷумани ҷиноҳи Назриев, Абдуҳалим Ғаффоров, ки низ даъвои роҳбарӣ бар ин ҳизбро дорад, бо баргузории як нишасти хабарӣ гуфт, Мирҳусайн Нарзиев дигар ҳаққи баргузор кардани анҷуман ва сухан гуфтан аз номи ин ҳизбро надорад, зеро анҷумани тарафдорони ӯ Мирҳусайн нарзиевро аз мақоми раиси ҳизб барканор кардааст: " Мо ба тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ, ба тамоми сафоратхонаҳо ҳамаи мактубҳоро ирсол намуда, дар баробари он гуфтем, ки имрӯз раиси кумитаи иҷроияи ҲСТ шахси тамоман дигар аст. Ва ӯ аз ҳама он чизҳо маҳрум шуд аллакай. Агар вай раиси қонунӣ мешуд, мо ҳама дар гирди вай кор мекардем. Вай анҷуман ташкил кардааст? О, вай раёсат надорад, чӣ хел анҷуман ташкил мекунад? Агар ҳозир гӯемаш, ки анҷуман ташкил кун, 10 нафар одамро ҷеғ зада наметавонад. Барои он ки вай на эътибор дорад ва на нуфуз дорад дар ин партия."
Ба ҳамин тартиб, то кунун вазорати адлияи Тоҷикистон расман эълон накардааст, ки кадоме аз ин ду ҷиноҳ дар воқеъ ҳизби сотсиалистиест, ки Сафаралӣ Кенҷаев бунёд гузошта буд.
Аммо то ин ки моҷарои ҳизби сотсиалист ба анҷом бирасад, аз эҷоди шикоф дар сафҳои як ҳизби дигари узви эътилофи аҳзоби сиёсӣ барои интихоботи шафоф, ҳизби сотсиал -демократ (ҲСД)-и Раҳматуллоҳ Зойиров, хабар мерасад. Балхиёр Замиров, раиси созмони вилоятии ҲСД эълон кард, созмони ин ҳизб дар вилояти худмухтори Бадахшон мухолифи ширкати ин ҳизб дар эътилофи аҳзоб барои интихоботи шафоф аст: "Дар изҳороти шӯъбаи бадахшонии Ҳизби Сотсиал-Демократ ҳамчун раиси ҳизб изҳорот додам, ки дар интихоботи дар пеш истода ҳамчун қувваи алоҳида бидуни кадом эътилоф дохил мешавем ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботро умуман тарафдорӣ мекунем, вале қисман бо баъзе масъалаҳояш розӣ нестем. Мо хостем, дар ҳаёти сиёсии Бадахшон нақши худро дошта бошем ва мо бо қувваи худ метавонем, дар Бадахшон ҷойҳои бештари намояндагиро дар интихобот ба даст биёрем."
Аммо Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси ҲСДТ мегӯяд, Балхиёр Замиров ҳаққи сухан гуфтан аз номи созмони вилоятии ҳизбро надорад ва ин ҳаққи Шӯрои сиёсии ҳизби мазкур аст бар асоси ойиннома, ки узвияти ҳизб дар эътилофро аз ҷумла таъйид мекунад: " Ин масъаларо шӯрои сиёсӣ ҳалл мекунад. Аз вилояти Бадахшон як кас Алим Шерзамонов узви шӯрои сиёсӣ аст. Ин масъала дар анҷуман ҳам эътироф ва қабул гардидааст. Барои ҳамин ҳеҷ як ташкилоти поёнӣ ин хел баромад карданро ҳуқуқ надорад. Фикр мекунам, ки ин ақидаи шахсии Балхиёр Замиров бояд бошад."
Намояндагони аҳзоби эътилофи аҳзоби сиёсӣ ва хусусан мақомоти ду ҳизби мазкур ин ҳама таҳаввулотро як гуна ҷудоиандозӣ аз сӯи рақибони сиёсии худ медонанд. Ба ҳар сурат, ба назари коршиносон, ин таҳаввулот баёнгари он аст, ки бо наздик шудани интихоботи маҷлиси ояндаи кишвар то панҷ моҳи дигар, Тоҷикистон дар пешорӯи як пойиз ва зимистони тафсони сиёсие қарор хоҳад гирифт.
Раҳматкарими Давлат, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG