Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Матбаъаи ҷасур, "мазҳакаи сотсиалистӣ" ва занони сабур


«Рӯзи Нав» дар нашри махсуси худ, ки дар ҳаҷми ду саҳифаи хурди компутарӣ ва бо теъдоди навад нусха чоп шудааст, унвонии президенти Тоҷикистон изҳороте чоп карда хоҳони ҳалли зудтари қазияи матбаъаи «Ҷиёнхон» шудааст. Бинобар нашри теъдоди бештар аз нишондоди ҳафтаномаи «Нерӯи Сухан» фаъолияти ин матбаъа ахиран аз тарафи пулиси андоз қатъ шуд ва дар пайи он нашрияҳои «Рӯзи Нав» ва «Наҷот» низ чоп нашуданд. «Рӯзи Нав» навиштааст, ин матбаъа ягонае буд, ки ҷуръат дошт, ҳафтаномаҳои «Рӯзи Нав», «Нерӯи Сухан», ва «Наҷот» - ро нашр намояд ва иллати аслии қатъи иҷбории фаъолияти он низ ҷуръати нашри ин ҳафтаномаҳо будааст на саркашӣ аз супоридани андоз. «Рӯзи Нав» ин амалро бо оғози муборизаҳои интихоботӣ тавъам донистааст.
Ҳафтаномаи ҳизби демократии Тоҷикистон мавсум ба «Адолат» низ навиштааст, маъракаи таблиғоти интихоботӣ аз ҳоло бо фишор болои аҳзоби мухолиф шурӯъ шудааст. Ҳафтанома хабареро дарҷ кардааст, ки тибқи он дар шӯъбаҳои маорифи навоҳии пойтахт вохӯрии намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ бо мудирони мактабҳои миёна сурат гирифтааст ва сарварони мактабҳо огоҳонида шудаанд, ки агар дар мактабашон вохӯрию мулоқоти намояндагони ҳизбе ба истиснои ҳизби халқӣ-демократӣ баргузор шавад, аз вазифа барканор хоҳанд шуд.
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлабе оид ба ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон навиштааст, оғози ихтилофот дар ин ҳизб аз имзо гузоштани раиси он Мирҳусейн Назриев зери созишномаи эътилофи аҳзоб барои интихоботи шаффоф будааст. Аммо ҳафтанома ин ихтилофотро «сенарияи қаблан матраҳшуда» номидааст.
«Адолат» низ дар мақолае бо номи «мазҳакаи сотсиалистӣ» навиштааст, дар анҷумани ахири худ ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев - узви ин ҳизб Ҳамза Боқиевро сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Иттиҳод» таъйин кардааст. Ва ин дар ҳоле, ки ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоров аллакай як шумораи ин нашрияро бо имзои сармуҳаррир Қурбон Восиев ба табъ расонидааст. Акнун, навиштааст нашрияи ҳизби демократ, «Иттиҳод»-ро танҳо аз рӯи исми сармуҳаррираш метавон шинохт, ки мутааллиқи кадом ҷиноҳест.
«Вечерний Душанбе» дар мавзӯъи хушунат нисбати занон дар ҷои кор матлабе нашр кардааст. Муаллифи он навиштааст, ба хушунат, зӯроварӣ, алоқаи иҷбории ҷинсӣ бо сардор, занон ё сабр мекунанд ва ё аз кор мераванд, аммо ба додгоҳ шикоят намебаранд. Як тадқиқоти иҷтимоие гуфтааст, ҳудуди панҷоҳ дар сади занони коркун мувоҷеҳи хушунат мегарданд.
Ҳафтаномаи «Адолат» занону духтарон ва ҳамроҳи онҳо якчанд мӯсафедро «деҳқони асили имрӯз» номидааст.
Муаллиф навиштааст, ин деҳқонон танҳо дар мавсими ғунучини пахта ва танҳо барои ғунучини пахта ба ёди ҳама мерасанд. «Чархи Гардун» бо такя ба хабаргузории давлатии «Ховар» навиштааст, пахтакорони ҷумҳурӣ ният доранд, имсол ба давлат 610 ҳазор тонна тиллои сафед супоранд. «Бизнес и Политика» бо такя ба хабаргузории мустақили «Авасто» навиштааст, пахтачини тоҷик барои ҳар як килои пахтаи мечидааш 17 дирам ва ё чизе баробари панҷ сенти амрикоӣ ҳаққуззаҳма хоҳад гирифт.
Тибқи як хабари нашрияи «Crime-Info», кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино як занро боздошт намудаанд, ки духтарчаи яксолаи худро ба маблағи 150 доллар ба зани дигаре фурӯхтааст.
XS
SM
MD
LG