Пайвандҳои дастрасӣ

Бо баланд шудани садои муаззин, ки муслиминро ба салот даъват мекунад, ҳарчанд бархе ба масҷид намешитобад, вале ҳар як шунавандаи азон ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бузургии Офаридгораш дар ҷойи худ менишинад.


Гуфта мешавад, тӯли ҳафтод сол низоми даҳриёнаи шӯравӣ талош мекард, то имон ба динро аз қалби сокинонаш зудояд. Вале бо суқути низом ҳувайдо гашт, ки боварӣ ба мавҷудияти Холиқ дар дили ағлаби кулл боқӣ мондааст. Ва аммо аксари мардум аз омӯзиши аркон ва дастуроти мазҳаби худ маҳрум гашта буд. Бо вуҷуди ин, имрӯз дин дар ҳаёти ҳар як нафар, ки ба нерӯи фавқулоддае бовар мекунад, ба гунае таъсир дорад. Ва ин таъсир сари ҳар як қадаму сари ҳар як нафас эҳсос мегардад. Ва ҳамин таъсири дин аст, ки мардум бо дидани бечораҳоле даст ба кисаи худ мебарад, то аз охирин тангаи худро хайр намояд, зеро мазҳабаш саховатро таълим медиҳад. Ва ҳамин таъсири дин аст, ки шахси мӯътақид дар баробари нокомиҳои зиндагӣ бештар таҳаммул мекунад, зеро динаш сабур буданро таъкид менамояд. Ва ҳамин таъсири дин аст, ки нафари эътиқодмандро аз даст задан ба кирдорҳои бад бозмедорад, аз дуздиву қатлу фиребу таҷовузу мардумозориву дигару дигар...
Аз таъсири дин дар зиндагии ҳаррӯзаи ҳар як мӯътақид метавон мисолҳои зиёде овард, мегӯяд Файзулло Бобоев - нахустин мутарҷими матни комили «Ас-саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ ба забони тоҷикӣ:
«Бохабар будани мардум аз маъниҳои динӣ ва аз фармудаҳои динӣ ҳатман мардумро аз даст задан ба фисқу фуҷур, аз нашъамандӣ, майпарастӣ ва дигар корҳои бад эмин медорад. Масалан, писарону духтароне, ки имрӯз аз умури динӣ каму беш бархӯрдор ҳастанд, ба он проблемаҳое, ки рӯёрӯи ҷомеаи мост, ягон иртибот надоранд.»
Гуфта мешавад, ҳарчанд бархе аз диндорон баъзе нукоти мазҳаби хешро ба ҷо намеоранд, аммо дар асл худро аз пайравони асили он мазҳаб медонанд. Дафъатан, агар дар кӯчаҳои Душанбе нафари шишаи май дар дастро бубинеду бипурсед, ки оё ту мусалмонӣ, ҳатман як муштатон хоҳад зад ва хоҳад гуфт, ки «алҳамдулиллаҳ, мусалмонам...»
Ва дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, огаҳии нисбатан ками мардум аз дин сабабгори пайдо шудани ақоиди мухталиф миёни мардум гаштааст. Аз ҷумла, як силсила маҳдудиятҳо нисбати зан, гузаронидани маъракаҳои серхарҷ ва амсоли ин. Ва ҳол он ки барои мисол пайғамбари мусалмонон Муҳаммад саллалаҳу ъалайҳ дар ҳадисе дини исломро маҷмӯъи қавоид барои беҳтар намудани ҳаёти мардум ва ворид сохтани тасҳилот дар зиндагии мардум номидааст. Аддину юсрун. Яъне, дин осонӣ аст, дин суҳулат ва сабукӣ аст...
Умаралӣ Назаров - ноибраиси донишгоҳи исломии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар манотиқи зери нуфузи дине қарордошта мушкилоти иҷтимоиву равонӣ камтар зуҳур мекунад. Ва аммо агар мушкиле аст, пас ҳар айбе, ки ҳаст, дар мусулмонии мост: «Ва дар бисёр ҷойҳое, ки имон ба тақдиру ба зинда шудан, ба рӯзи қиёмат надоранд, мебинем, ки дар он ҷойҳо бисёртар худкушиву худсӯзӣ авҷ мегирад. Дин насиҳат аст, дин хайрхоҳӣ аст, вақте инсон эътиқоди динӣ дошта бошад, барои зарари касе бояд кор накунад, чӣ дар соҳаи тиҷорат, чӣ дар дигар касбу корҳо.Пайғамбари Худо гуфтааст «Мусалмон касест, ки аз даст ва забони ӯ кассе озор наёбад.» Ҳамин аст.»
Татяна Сузонова - яке аз масъулини ҷамъияти пайравони Инҷил дар Тоҷикистон дар робита ба таъсири дин ба инсон чунин назар дорад: «Ман фикр мекунам, эътиқод ба дин эътиёд ба мухаддиротро коҳиш медиҳад, дуздӣ камтар мешавад, мардум худотарс хоҳанд шуд, сигоркашӣ ва майнӯширо бас мекунанд, барои гуноҳҳои содирнамудаашон тавба мекунанд ва истиғфор металабанд, умуман, дин одамро ба куллӣ дигаргун месозад..»
Ва як омили иҷтиноби мардуми диндор аз иртикоб ба гуноҳ тарси онҳо аз подоши аъмол, аз рӯзи қиёмат аст, мегӯяд домулло Худойбердӣ валади Эгамбердӣ: «Агар инсон ақида дошта бошад, ки ман дар рӯзи қиёмат ба корҳои дар дунёо кардам, ҷавоб медиҳам, ана ҳамин он одамро диндорияш аз корҳои бад мегардонад. Дин, кадом дине набошад, одамро аз корҳои бад бозмедорад.»
Гуфта мешавад, исми Худо ва имон ба ӯ дар дили ҳар нафаре арзи вуҷуд дорад. Танҳо ин аст, ки бештар мардум Худоро ҳангоми мусибат ёд меоранд. Бино бар гуфтаи таҳлилгарон, ҳатто лаҳзаҳои оддитарини зиндагиро, ки дар назари аввал шояд содда мушоҳида мешаванд, метавон таъсири дин номид. Аз ҷумла, ҳар боре солхӯрдае барои касе дасти дуо мебардорад, ҳар боре нафаре хам шуда аз зери пояш нонрезаеро мебардорад ва ба чашмонаш мемолад, ҳар боре падару модар ба хонае медароянду фарзандон аз ҷо бармехезанд, ҳар ин борҳоро метавон таъсири дин ба инсон номид.
XS
SM
MD
LG